Наҷотдиҳандагон ҷасади Ная Ривера, овозхон, ҳунарпеша, модел, ровӣ ва нависандаи 33-солаи амрикоиро санаи 13-уми июл, пас аз 5 рӯзи нопадид шуданаш дар кӯли Перуи иёлоти Калифорнияи Амрико пайдо кардаанд. Сабаби марги ҳунарпешаи ҷавон то ҳол пурра маълум нашудааст, вале наҷотдиҳандагон тахмин мекунанд, ки Ная дар натиҷаи оббозӣ карда натавонистан ғарқ шудааст.
Дар ҷисми ӯ нишонаҳои марги маҷбурӣ ва изи ҷароҳат низ пайдо нашудааст. Баъди ташхис маълум хоҳад шуд, ки ҳунарпеша ҳангоми оббозӣ машрубот ё маводи мухаддир истифода карда буд ё на.
Тафсилоти воқеа чунин аст, ки Ная 8-уми июл бо писари 4-солааш Ҷози Дорсӣ ба сайру гашт баромада, дар кӯли Перу киштиеро ба иҷора гирифтаанд, то ҳамроҳ манзараҳои атрофи кӯлро тамошо кунанд. Баъди се соати тамошо одамон писари Наяро танҳо пайдо намуданд. Ҷози Дорсӣ гуфтааст, ки модараш барои оббозӣ дохили об шуд ва дигар барнагашт. Аз рӯйи гуфтаи писарак кормандони полис тахмин мекунанд, ки марҳум аз ӯҳдаи оббозӣ кардан набаромада, ғарқ шудааст. Ҷисми беҷони ӯро пас аз панҷ рӯзи нопадид шуданаш пайдо карданд.
Бисёриҳо Ная Ривераро дар нақши Сантана Лопес аз силсилафилми телевизионии “Glee “ мешиносанд, ки дар ҳақиқат филми мазкур ба ӯ шӯҳрати бесобиқа ва чандин ҷоизаву дастовардҳо оварда буд.