Formula novemver 2024
Ҷасади Сабрина Хуррамдилро аз як меҳмонхонаи бонуфуз ёфтанд
11971

Ҷасади рассомдухтари 33-солаи тоҷик Сабрина Росасро, ки ҳамчун Сабрина Хуррамдил низ машҳур буд, рӯзи душанбе, 28-уми октябр дар меҳмонхонаи бонуфузи “Хэмптонс”-и Амрико пайдо кардаанд. Дар ин бора DailyMail.com хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, кормандони меҳмонхона ҷасади Сабринаро дар яке аз ҳуҷраҳои хеле гаронбаҳои “Хэмптонс“ пайдо кардаанд, ки арзиши будубоши якшабааш 1250 доллар мебошад. Тахмин меравад, ки Сабрина бо Томас Гэннони 56-сола ба ин меҳмонхона омадааст.

Дар куштори Сабринаи Хуррамдил Томас Гэннон гумонбар дониста мешавад. Мард баъди ин ҳодисаи нохуш аз меҳмонхона фирор карда, дар Пенсилвания дар манзили истиқоматиаш худкушӣ намудааст. Расонаҳо навиштаанд, ки Томас ва Сабрина муносибатҳои ошиқона доштаанд ва ошиқи қотил баъди куштори маҳбубааш аз меҳмонхона фирор карда, аз тарс дар манзили худ аз таппонча ба сараш тир холӣ кардааст, вале...

Модели машҳур Райдер Ивата дар суҳбат бо DailyMail.com гуфтааст, ки аз соли 2016 инҷониб Сабрина бо ӯ муносибатҳои ошиқона дошт. Райдер мегӯяд, онҳо ҳамдигарро ҳанӯз аз замони донишҷӯи коллеҷи Пёрчейзи Ню-Йорк буданашон сахт дӯст медоштанд ва ба наздикӣ тӯйи арӯсию домодиашонро баргузор намуда, расман зану шавҳар шуданӣ буданд, вале Томас Гэннон ҳамаи орзуҳояшонро барбод дод.

Дар боби бо Томас Гэннон чӣ муносибат доштани Сабрина Хуррамдил Ивата гуфтааст, ки ин мард танҳо ӯро сарпарастӣ мекард ва барояш дар Тоҷикистон хона ҳам харида буд.

“Пул барои Томас як василаи таҳти назорат қарор додани Сабрина буд, то дар дунёи ӯ бимонад”,- гуфтааст Райдер.

Луиз Филлипс, устод ва роҳнамои собиқи Сабрина дар коллеҷи Пёрчейз низ суханони Иватаро тасдиқ намуда, гуфтааст, ки Сабрина Гэннонро ҳамчун рассом бо ҳунару истеъдоди нодираш мафтун намуд.

Дар ҳамин ҳол дар баъзе нашрияҳо аксҳои як сол қабл гирифташудаи Сабрина Хуррамдил пайдо шудаанд, ки дар онҳо доғҳои сиёҳу кабуд ва осори латукӯб дар чеҳраи ин зани рассом бараъло дида мешавад.

Сабрина Хуррамдил-Росас зодаи Тоҷикистон буда, ҳанӯз соли 2009 ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӯчида буд. Сабина дар минтақаи Брукилини Ню-Йорк зиндагӣ мекард ва дар доираи тарҳи иҷтимоии “Руъё” бо муаррифии фарҳангу ҳунари Осиёи Марказӣ маъруф гашт. Доираҳои фарҳангии тоҷикони Амрико марги пурасрори Сабрина Хуррамдилро талафоти бузург барои фарҳанги Шарқ номидаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД