Ҷасади Қобилҷон ба Тоҷикистон оварда шуд
18.12.2025
Oila.tj
261

Ҷасади Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик, ки дар Русия кушта шуд, субҳи 18-уми декабр ба Ватан оварда шуд.

Маросими ҷаноза ва видоъ бо ӯ имрӯз, соати 10:00 дар деҳаи Чептураи ноҳияи Шаҳринав баргузор мешавад.

Қобилҷон Алиев рӯзи 16-уми декабр дар пайи ҳамлаи як навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия ба мактабе дар ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса вокуниши ҷомеа ва мақомотро ба бор оварда, зери таваҷҷуҳи ниҳодҳои расмӣ қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД