Formula novemver 2024
Ҷасади кӯдаки 7-соларо меҷӯянд
699

Рӯзи 1-уми майи соли ҷорӣ наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ду ҷасадро аз об берун оварданд ва ба ҷустуҷӯи ҷасади сокини 7-солаи ноҳияи Қубодиён, ки ғарқ шуда буд, оғоз карданд.

Соати 07:50-и рӯзи 1-уми майи соли равон ба қисми навбатдории КҲФ хабар расид, ки дар кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, наздикии Вазорати адлия, дар як селроҳо ҷасади марди ба тахмин 50-55-сола намудор аст.

Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расида, ҷасадро берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Шахсияти ҷасад ва сабабҳои марги вай муайян карда мешавад.

Ҳамчунин, 29 апрели соли 2023 як сокини 14-солаи маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз хона берун шуд ва дигар барнагашт. Тахмин зада мешуд, ки дар об ғарқ шудааст.

1-уми майи соли 2023, соати 10:55 дар ҷараёни роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот имдодгарони ҷасадро дар кӯли сунъии ба истилоҳ “Мехкарйер”, ки дар ҳудуди маҳаллаи Чимтеппа ҷойгир мебошад, пайдо ва ба кормандони милитсия супурданд.

Бино ба маълумоти КҲФ дар вилояти Хатлон 30-юми апрели соли равон, тахминан соати 19:30, як сокини 7-солаи деҳаи Арабхонаи ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён аз беэҳтиётӣ дар канали маҳаллии Каттаариқ ғарқ шудааст.

Баъди дарёфти хабар дастаи наҷотдиҳандагон дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Бино ба гузориши расида, то кунун ҷасад пайдо нашудааст ва субҳи имрӯз, 2-юми май корҳои ҷустуҷӯӣ аз сар гирифта шуд.

Дар иртибот ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодада ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД