Дар Екатеринбург ҷасади Далер Бобиеви 6-солаи гумшуда аз як партовгоҳи гараж ёфт шудааст. Ҷасадро дар халта пинҳон карда будаанд.
Марг чанд моҳ пеш сурат гирифта, аммо дар бораи нопадид шудани Далер 26-уми июн хабар дода шуд. Гуфта мешавад, ки ӯ субҳи барвақт аз манзил баромада, ғайб задааст. Ҷустуҷӯ чанд рӯз идома карда, имрӯз, 29-уми июн маълум шуд, ки писарбача мурда пайдо шудааст.
Қаблан, кормандони Кумитаи тафтишот занеро боздошт кардаанд, ки парастори расмии писари гумшуда будааст.
Илова бар ин, шуъбаи вилоятии Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия хабар дод, ки дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Навор дар телеграм-канали pressa.tj