1xbet
Ҷасади 1 занро бо 3 фарзандаш дар ноҳияи Рӯдакӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ ёфтаанд
864

Ҷасади як занро бо 1 писар ва ду духтари наврасаш бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ аз манзили зисташон пайдо кардаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то ҳол дар ин бора ягон маълумоти дақиқ надодаанд, вале як расона дар такя ба манбаҳои худ навиштааст, ки ҷисми беҷони ин зан ва фарзандонашро рӯзи 9-уми сентябр ба хок супурдаанд. Ҳамсояҳо нақл кардаанд, ки ба эҳтимоли зиёд ин ҳодисаи нохуш шаби ҷумъаи 5-уми сентябр рӯй додааст, чунки бори охир занро ҳамон рӯз дидаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҷасади зан бо 3 фарзандаш баъди ду рӯзи маргашон пайдо шудааст.

Аз рӯйи нақли ҳамсояҳо, шавҳари марҳум дар муҳоҷирати меҳнатӣ будааст ва ба зангҳои телефониаш ҷавоб надодани зану фарзандонаш ӯро ба ташвиш оварда, аз ҳамсояҳо хоҳиш кардааст, ки аз ҳолу аҳволи оилааш хабар гиранд. Вақте ду зани ҳамсоя ба хона медароянд, хонаро такорӯшуда ва зану фарзандонашро мурда дида, бо доду фиғон дарҳол ба милитсия хабар додаанд.

"Номи ин зан Шаҳло буд. Духтаронаш Ҳабиба ва Ҳамида ва писараш Шараф буданд. Писараш дар синфи 6 ва духтарон дар 9 ва 10-ум таҳсил мекарданд. Шавҳари ин зан дар хориҷа кор мекард ва пас аз ҳодиса ба Тоҷикистон баргашт. Шаби фоҷеа зан бо се фарзандаш дар хона буд”,- гуфтаанд ҳамсояҳо ва таъкид кардаанд, ки даҳони писарак бо скотч баста буд.

Маълумоти дигаре дар робита ба ин ҳодиса дастрас нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД