Маро падарам барои 1000 $ ба як марди сезана фурӯхт. Шавҳарам Фозил ном дошта, 38- сола буд.
Аз рӯзи аввали зиндагӣ вай ба сари ман даст бардошта, ҳамеша диламро меранҷонд. Шаби аввали арӯсӣ ӯро ба бистарам роҳ додан нахостам, вале ин марди бераҳм мани 19-соларо зада беҳуш карда, ба номусам таҷовуз намуд. Барои Фозил ман гӯё на зан, балки як канизак будам. Ӯ маро мисли ғулом кор мефармуд ва Худо накарда, дар корҳоям ягон айб ёбад, бо арғамчин чунон мезад, ки сару рӯям сиёҳу кабуд мешуд. Аз ҳама аламовараш он буд, ки мудом раҳматии модарамро дашном медод. Дар ҷавоб ягон чиз гӯям, қиёматро қоим мекард, ки падари қиморбози ту аз ман қарздор аст, агар бақияи қарзамро надиҳад, дар фалони падарат чӯб мезанам. Хориам омада, як рӯз ба сӯяш дод зада гуфтам, ки падарам қарздор бошад, айби ман чӣ? Зӯрат расад, рав ба сари худаш доду вой кун, ман аз ҳафт маҳалли ин хел падари духтарбезор гузаштам, дигар ба ҳар кори ҳаромаш маро ҳамроҳ насоз. Фозил аз овоз баланд кардани ман ба ғазаб омада, чунон мурдакӯбам кард, ки фиғонам ба фалак печид ва ба ин ҳам қонеъ нагашта, ду ангуштамро бурид. Аз зӯрии дард аз ҳуш рафтаам, вақте чашмонамро кушодам, аллакай дар беморхона будам ва дар атрофам одамони хилъатҳои сафедпӯшида ҷумбуҷӯл доштанд. Пас аз каме ба худ омадан бо ёрии духтурон шавҳарамро ба суд додам. Аризаи ман боис гашт, ки дигар сирру асрори Фозил низ рӯйи об барояд. Маълум шуд, ки падарам ва Фозил якҷоя бо хариду фурӯши маводи нашъаовар машғул будаанд. Ҳардуяшонро ба муҳлати зиёд зиндон карданду ману хоҳаронам нафаси осуда кашидем. Ду бародарам, ки аз дасти золимии падарам аз хона баромада рафта буданд, ба Ватан баргашта, акнун ману хоҳаронамро саробонӣ мекунанд.
Хонандагони азиз, ман саргузашти талхамро барои он қисса кардам, ки ба дигар занону духтарони тоҷик дарси ибрат гардад. Хоҳарону дугонаҳои азиз, барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ талош намуда, нагузоред, ки касе шуморо паст занад, ҷабру озор диҳад ва зери по созад.
Зарина, ш. Кӯлоб