Arzon march 2024
Қарзҳои фарзанд дар назди падару модар
12.11.2024
ОИЛА.ТҶ
426

Салом! Мегӯянд, ки баъди Худо кас бояд ба падару модараш итоат намояд ва ҳатто “уфф” гуфтан ба волидайн гуноҳи азим мебошад. Оё ин дуруст аст? Умуман, фарзанд дар назди падару модар чӣ қарзҳо дорад?

САМИР, ш. Душанбе

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) мефармояд: «Ман аз Расули Худо (с) суол кардам, ки чӣ амале назди Худованд аз ҳама беҳтар аст?». Фармуданд: «Гузоридани намоз дар вақташ”. Боз пурсидам, ки баъд аз он чӣ? Фармуданд: “Некӣ ба падару модар…». Тамоми динҳои гузашта ва анбиё бар он таъкид менамоянд, ки бояд ҳаққи падару модарро адо намуд ва ба онҳо некӣ кард. Равиши солеҳин низ ҳамин будааст. Дар дини Ислом ҳама ҳуқуқи падару модар ба таври комил риоя ва бозгӯ шудааст. Худованд гуфтани калимаи «уф» ё ҳар калимаеро, ки сабаби ранҷиши хотири волидайн шавад, нописанд донистааст, то худи одам бияндешад, ки гуфтани суханони сахттар аз он чӣ гуна аст.

Дини Ислом беэҳтиромии волидайнро шадидан наҳй кардааст ва ба азоби шадид ишора кардааст, ки нофармононро дар бар хоҳад гирифт. Боз ҳам қисме аз мардум ҳуқуқи волидайнро аз ёд бурдаанд ва аз нофармонии онон боке надоранд ва ҳуқуқашонро поймол мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД