Аз 1 –уми январи соли 2024 нархи барқ дар ҷумҳурӣ 16 фоиз боло меравад. Қарори ҳукумати Тоҷикистон №546 дар ин хусус ҳанӯз санаи 29-уми ноябри соли 2023 қабул шудааст ва дар асоси он арзиши нерӯи барқ барои тамоми истифодабарандагон дар соли 2024 зиёд мешавад.
Тавре ки Ҷомӣ Умаров, мушовири мудири кулли ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” гуфтааст, шурӯъ аз соли нави 2024 шаҳрвандон барои ҳар як киловатт-соат нирӯи барқ 30,75 дирам хоҳанд супурид.
Ёдрас мешавем, ки то кунун нархи барқ барои аҳолии Тоҷикистон 26,51 дирамро ташкил медод. Дар умум дар 10 соли охир нархи барқ дар Тоҷикистон қариб 3 маротиба боло бурда шудааст.
Аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки то 1- январи соли 2024 пули барқи истифодабурдаашонро супоранд, дар акси ҳол баъди соли нав пули барқ бо тарифи нав: 30,75 дирам барои ҳар киловатт ҳисоб карда мешавад.