Arzon march 2024
Арзиши рубл дар Тоҷикистон боло рафт
15.04.2024
ОИЛА.ТҶ
1000

 

Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки нархи рубл дар кишвар каме боло рафта, қурби доллару евро дар бозори нақду ғайринақдии ҷумҳурӣ нисбат ба сомонӣ арзон шудааст.

Бино ба иттилои БМТ, ҳазор рубли Русия дар бозори ғайринақдии Тоҷикистон 0,1 сомонӣ боло рафта, феълан бо нархи 116,8 сомонӣ муомилот мешавад. Охири ҳафтаи гузашта ин нишондод ба 116,8 сомонӣ баробар буд.

БМТ қурби доллари ИМА-ро 10,9249 сомонӣ ва евроро 11,6427 сомонӣ муқаррар кардааст, ки ҳарду ҳам дар қиёс бо нишондоди рӯзи қабл арзонтар шудаанд.

Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои доллари ИМА аз 10,9249 то 10,9600 сомонӣ, евро аз 11,6427 то 11,8400 сомонӣ ва ҳазор рубли русӣ аз 116,9 то 118,5 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.

Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД