Хайру эҳсонкорӣ аз амалҳои шоистаи таҳсин аст, ки ҳатман бе подош намемонад ва боиси ситоиш мегардад.
Кумаки ташкилоти ҷамъиятии эҳсонкории “Пешрафт” ба Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом ва Маркази равонии шаҳри Конибодом лоиқи офарин гуфтанҳост.
Маъмурияти Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом ва Маркази равонии шаҳри Конибодом ба раиси ташкилоти ҷамъиятии эҳсонкории “Пешрафт” Солеҳова Матлюбахон барои кумакашон миннатдорӣ баён мекунанд ва хоҳони пешрафтҳояшон ҳастанд.