Arzon march 2024
Қарзи гирифтаатро ба соҳибаш бар нагардонӣ, ба дузах меафтӣ?
30.03.2022
ОИЛА
1117

 

Зарурарет пеш омаду аз як дугонаам каме маблағ карз гирифтам. Рости ният доштам, ки дар бадали як моҳ пулашро бармегардонам, аммо дар ин миён фарзандам бемор шуд ва ин кор ба таъхир афтод.

Пас аз се моҳ ба дугонаам занг задам, то ки қарзашро баргардонам, вале норозиёна «даркор нест» гӯён, телефонро хомӯш кард. Дар садояш як нав ранҷиш эҳсос мешуд. Чанд маротибаи дигар занг зада бошам ҳам, телефонро набардошт.

Аз дигар рақамҳо занг зада, хоҳиш кардам, ки во хӯрем ё ба хонааш рафта пулашро диҳам, аммо ҳар дафъа ягон баҳона пеш меорад, ки дар хона нест ё ягон кори зарур дорад. Ҳайронам, ки чӣ кор кунам. Маблағи қарз гирифтаам чандон пули калон нест, вале метарсам, ки барои ҳамин пули ночиз дар он дунё ба азобу ранҷ гирифтор нашавам…

Азиза, сокини ш. Душанбе

 

Посухи домулло Ҷамолиддини Хомуш

«Даркор нест» гуфта дугонаатон қарзи додаашро бахишад бошад, боке надорад. Паёмбари ислом, Ҳазрати Муҳаммад чунин фармудаанд:

«Ҳар касе, ки одами муфлису тангдастеро дар адои қарз муҳлат бидиҳад, тамом ё миқдоре аз қарзи худро афв намояд (бахшад), Худованд вайро аз парешониҳои қиёмат наҷот хоҳад дод».

Ин фармоишоти Паёмбари Худо (с) нисбат ба афроди сарватмандест, ки мардуми мустаманд барои баровардани эҳтиёҷоту ниёзҳои хеш аз онҳо қарз мегиранд. Лекин Расули Худо (с) нисбат ба худи қарзгирандагон ҳам таъкидоти зиёд кардаанд, ки то мумкин бошанд, ҳарчи зудтар қарзашонро адо намоянд. Нашавад, ки бимиранду аз мардум қарздор бимонанд. Шахсе дар роҳи Худо шаҳид шавад, гуноҳонаш омурзида мешавад, вале агар қарзе бар зиммааш боқӣ бошад, дар қиёмат ҳам аз он халос нахоҳад шуд. Чизе ки муомилаи байни мардум аст, Худованд онро ба зиммаи онҳо вомегузорад, бинобар ин ҳар яки моро лозим аст, ки дар ҳоли ҳаёти хеш ҳаққи ҳамдигарро адо намоем ва қарзи гирифтаамонро сари вақ баргардонем, зеро қарз ё ҳаққи ҳамдигариро дар қиёмат на бо пулу мол, балки бо амалҳои нек пардохтан лозим меояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД