Шавҳарамро дӯст дошта, хонадор шуда будам. Мо ду сол зиндагӣ карда, соҳиби як писарчаи зебо гаштем. Ҳамсарам марди меҳрубон буд, намемонд, ки касе маро озор диҳад.
Шабе хоб дидам, ки шавҳарам ба ғори чуқуре афтидаасту доду фарёдзанон ёрӣ мепурсад, вале ман дасти писарчаамро дошта, пуштнокӣ аз ғор дур шуда истодаам. Лаҳзае пас садояш гум шуд. Пушаймон шуда, ба назди ғор рафтам, вале аз мардакам дигар ному нишоне набуд. Ба таҳлука афтида, фарёди талхе кашидаму бедор шудам ва дидам, ки шавҳарам дар барам хоб аст.
Худоро шукр гуфтам, ки ҳамааш дар хоб будааст, вале дилам ҳамоно худ ба худ сиёҳӣ меовард. Ҳафтае пас шавҳарам ба дарде гирифтор шуда, ба беморхона афтид. Табибон ташхис гузаронида гуфтанд, ки ба саратони хун мубтало гаштааст.
Дар байни чор моҳ ин дарди қаттол шавҳарамро батамом аз по афтонду панҷаи тавонои аҷал ба гулӯяш чанг зад. Шавҳари зебоям ману писарчаамро дар миёни чорсӯйи зиндагӣ танҳо гузошта, ба олами хомӯшон рахти сафар баст. Волидонаш баъди сари шавҳари ҷавонмаргам маро бо тамоми кӯчу бандам ба хонаи падарам оварданд. Хешу табор ба ман маслиҳат медиҳанд, ки умри ҷавонамро беҳуда нагузаронда, оилаи нав бунёд намоям, вале бо касе бо нияти хонадоршавӣ шинос шавам, ба ягон фалокат гирифтор мешавад. Эҳсос мекунам, ки ким-кадом қувваи номаълуме сади роҳи бахти ман гашта истодааст. Шабҳо шавҳарамро хоб мебинам. Наход арвоҳи шавҳарам маро рашк мекарда бошад?
Хонандаи “Оила”.