arzon replenishment
Арвоҳи хонасӯз Қисми 2
07.08.2022
Дилошӯб
2390

-Ту фардо як бало карда, ному насаб ва ҷойи кори шавҳаршавандаи дугонаатро ёфта биёр, ман ба ту бовар карда, ба сараш равам, айб мешавад.

-Шумо маро хабаркаш напиндоред, аммо шуморо дӯст медорам ва намехоҳам як фоҳиша оилаатонро вайрон кунад, оилаи моро низ чунин як зани бероҳа вайрон карда буд. Бечора модарам аз дарду алам ба бемории рӯҳӣ печид, хайрият ҳоло каме ба худ омадааст.

-Раҳмат Гулрезҷон, аммо ту шавҳари маро як ё ду бор дидаӣ, мумкин хато кунӣ, баъд ман ба ӯ бовар дорам.

Рӯзи дигар Гулрез на танҳо ному ҷойи кор, балки рақамҳои Диловарро ёфта овард ва дунё ба сари Гулбаҳор гиргардон шуд. Аслан Диловар бисёр шабҳо ба хона намеомад ва кори ӯ чунин аст гуфта, Гулбаҳор парво намекард, вале он шаб ҷавонзан занг зада исрор кард то шавҳараш ба хона биёяд. Диловар аз дар даромадан замон Гулбаҳор бо гиря гуфт:

-Лаънат ба ман барин зан, ту зани дигар мегирию ман бехабар, худо гирад мани латтаи қишлоқиро… -Он шаб Диловар иқрор шуд, ки Зараро дӯст медорад ва бе ӯ наметавонад. Рӯзи дигар Гулбаҳор кофта-кофта Зараро ёфт ва аз мӯйҳои зарди тунукаш гирифта, рӯ-рӯи хок кашолааш кард, он қадар лату кӯбаш кард, ки дар баданаш ягон ҷойи обод намонд. Ҳамин вақт Диловар пайдо шуда, маъшуқаашро аз дасти Гулбаҳор халос карда, “ту алошақшақа чаро назди Зара омадӣ” гӯён, занашро бори аввал зери мушту лагад гирифт. Гулбаҳор ба зӯр аз дасти шавҳар халос шуда, рост ба хонааш омада, ба гараж даромада, панҷ литр бензинро ба сараш рехта, худро оташ зад. Хусураш доду фарёд ва гулхани давандаи рӯи ҳавлиро дида, кампали калонеро гирифта, оташро хомӯш кард, вале Гулбаҳор дигар ба ҳуш наомад. Ҷуз Диловар, Зара ва модараш касе намедонист, ки чаро зан худашро оташ задааст?

                                  Рӯҳи ноором

Ҳама барои ин ҷавонзани зебо хун мегиристанд, нолаи волидони Гулбаҳор ва хусуру хушдоманаш, синаи сангро низ мешикофтанд, Диловар низ мисли занон зор-зор гиря мекард. Пайвандони Гулбаҳор медонистанд, ки духтарашон зани хушбахт аст, аз ин рӯ, мусибатро ба бемории рӯҳи нисбат дода, ба тақдирашон тан доданд. Фарзандони ятими Гулбаҳор дар паноҳи бибию бобои меҳрубон бошанд ҳам, барои модарашон дилтанг шуда, ашк мерехтанд. Пас аз додани чили Гулбаҳор Зара ба таҳдид оғоз кард, ки агар маро зан карда, ба хонаат набарӣ, сирратро фош мекунам. Диловари аз карда пушаймон як бегоҳ муллоеро бурда, Зараро никоҳ карда ба хонааш овард. Аз аҳли хонадон касе ба пешвози арӯс набаромад. Аммо Зара дар дил гуфт:

-Ҳоло мебинед, ман ба шумо чӣ кор мекунам! -Диловар худаш роҳи ошхонаю ҳаммом ва дигару дигарро ба Зара нишон дода, ба хонаи хобаш гузашт, Зара низ аз пасаш даромад. Мард ин бероҳаи шаттоҳро намехост, аз ин рӯ гуфт:-Биё имшаб ту дар хонаи кӯдакон хоб кун, аздусар онҳо бо падару модарам ҳастанд. Баро, рӯҳи поки Гулбаҳорро беқарор накун…

-Ман дар рӯҳи поки Гулбаҳорат ...- ҳақорати қабеҳу дод Зара ва ба мард дарафтод, Диловар дид, ки намешавад, бо меҳрубонии сохта Зараро ором сохт. Ҳамин вақт дар кушода шуду Гулбаҳор даромад, дар дасти ӯ машъалаи фурӯзоне буд, зан бо хашм машъаларо ба болои рахти хоб партофт. Пас аз як соат падари Диловар аз бӯи дуд ба худ омада, сӯи ҳуҷраи писараш давид, Зараву Диловар бехуд мехобиданд. Ҳардуи онҳоро ба духтур бурданд, азбаски фоизи зиёди баданаш сӯхта буд, ҷавонзан дар ҷойи ҳодиса ҳалок гашт, Диловар бошад, ба худ омада баъди се рӯз аз олам гузашт. Мард ба як нукта нигариста, як суханро такрор мекард:

-Моро Гулбаҳор сӯзонд, ӯ зинда аст, дидамаш, ба Худо дидамаш…. Духтурон гумон мекарданд, ки мард аз шиддати дарду сӯзиши бадан девона шудаасту ҳазён мегӯяд, аммо падари Диловар, хомӯш ба писари бирёншудааш менигарист. Гап дар сари он ки ӯ низ келинашро ҳамон шаб дида буд, машъалаи оташ дар даст… Боз дар хонае, ки ин ду нафар сӯхта ба хокистар табдил ёфтаанд, танҳо рахти хоб сӯхтаасту халос, аҷоиботаш он аст, ки дигар ашёи хона осебе наёфтаанд... Марди дунёдида дар дил ба марги Гулбаҳори беозор писарашро гунаҳгор медонист ва рӯзи сиёҳи ба сари ин ду гунаҳгор омадаро низ дар дил интиқоми арвоҳ унвон дода буд, беҳуда намегӯянд- асрори ин дунёву он дунёро танҳо Худо медонад….

                                                              Дилошӯб

        

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД