Sebiston new 2024 october
Арвоҳи бибиам маро мадад карду...
07.01.2023
Нисо
1658

 

 

Салом хонандагони азизи ҳафтавори дӯстдоштаам «Оила»! Шояд ин мактуби ман боиси баҳсҳо шавад, шояд шумо маро девона хонед, вале мехоҳам он чиро аз сар гузаронидаам, рӯи варақ биёрам.

Бовар мекунед ё не, ихтиёратон, вале ман бояд бигӯям…

Чилу ҳафт сол дорам, даҳ сол боз бемории дил азобам медиҳад. Ман ҳам чун ҳама занони тоҷик ғами фарзандону хондани онҳову хонадор шуданашонро хӯрда, ба саломатиям бепарво будам. Духтур мерафтам, доруҳоямро мегирифтам, аммо сари вақть онҳоро хӯрдан аз хотирам мерафт. Боз сехи дӯзандагӣ дораму пушти кору бор рӯ ба раҳми Худои бузург зиндагӣ мекардам. Гуфти шоир, «ин дил, ки дард мекашад, то кай саломат аст?». Шояд дили маро низ аз бепарвоии ман зӯр омад ва ба сактаи қалб гирифтор шудам. Ҳамин қадарашро ёд дорам, ки дар қафаси синаам сӯзишеро эҳсос кардаму мисли латтакӯҳна назди плитаи барқӣ афтодам…

Даруни туннели сиёҳе савори як занбар мерафтаму мерафтам, бӯйи бади маводҳои кимиёвӣ димоғамро хориш медод, мехостам атса занам, аммо наметавонистам. Баъд як чароғаки сафед пайдо шуд, оҳиста-оҳиста аз туннел берун шудам ва медидам, ки болои мизе хобаму чанд нафар сафедпӯш ҷарроҳиям мекунанд. Баъдтар худамро дар як даште дидам, ки ин тарафаш сип-сиёҳ, мисли шаби тор буду дар он тараф бошад, мардуми зиёде равуо мекарданд. Мани танҳоро аз мардуми он тараф ҳамагӣ як ҷӯйча ҷудо мекард. Онҳо хомӯш равуо доштанду касе бо касе гап намезад, мисли филми беовоз. Ҳамин вақт аз пешам як ҳамкорам гузашт, ки чанд сол пеш зери теғи ҷарроҳон вафот карда буд. Ӯ мехост ба таври сунъӣ ҳомиладор шавад, вале бо хатои духтурон дар синни 38-солагӣ оламро падруд гуфт. Маҳбуба сар то по либоси сиёҳ дошту дар дасташ кӯдаки навзоде ҳам буд, ки рӯяшро бо ними рӯймоли сиёҳаш пӯшонида буд. Ӯ ба ман нигоҳе афканду аз пешам гузашта рафт…

Баъд назарам ба Бону, дугонаи беҳтаринам афтод, ки аз саратони ҷигар дар синни 40 сиёҳпичамарг шуд. Бону хушлибосу зебо ва хеле маҳзун дар назар метофт. Аз дидани ӯ фаҳмидам, ки ман мурдаам. Ва сахт тарсидам, “Худоҷон, ман мурдаам” гуфтам дар дил. Бону наздам омад ва аз ҷӯйча нагузашта, бо ман ба суҳбат оғоз кард. Ба ӯ гуфтам, ки “Бонуҷон, ин ҷо хуб аст?”. Ӯ бо лабханди талх посух дод, ки “бале хуб аст, аммо касе бо касе гап намезанад”. “Ман ҳам мурдам, Бонуҷон” гуфтам ва гиря кардам. Бону ба саволам ҷавоб надода, чанд мард аз наздамон гузаштанд ва ӯ дарҳол рафту омехт ба мардуми хомӯшу саргардон, суҳбатамон нотамом монд. Мардҳо аз назди ман гузашта рафтанд. Дилам дар сина бозӣ мекард, тарсу ваҳм вуҷудамро фаро гирифта буд. Ба худ мегуфтам, ки “агар ман мурдаам, пас гӯри ман куҷост? Чаро гуфтаи модаркалони порсоям нашуд, сарам ба коси лаҳад назад, Мункиру Накир омадаву бо ман саволу ҷавоб накарданд?”.

Боз Бону пайдо шуд. Ин дафъа ҳамроҳаш модаркалонам буд. Модаркалони сафедпӯшамро дида, мехостам наздаш рафтаву оғӯшаш кунам, аммо ӯ бо зарба гуфт:

- Рав, рав, ҳоло вақти омадани ту нашудааст!

Бону ҳам гапи модаркалонамро такрор мекард. Ман намедонистам чӣ кор кунам ва дар як лаҳза аз он дунё берун шудаму боз назарам ба чароғаки сафед бархӯрд. Баъдтар гӯё даруни об бошад, чеҳраи шавҳарамро дидам. Об лаппиш мехӯрду чеҳраашро гум мекардам, боз равшан мешуд.

- Рухшон, азизам, Рухшон,- овози ҳамсарам маро ба худ овард.

Сарам вазнин буд, дилам мешӯрид, бӯйи бади маводҳои кимиёвӣ ба димоғам мерасид. Духтури шинос бо ханда гуфт:

- Хуш омадед, апаҷон, имрӯз рӯзи таваллуди нави шумост.

Духтур хоҳиш мекард, ки гап назанам, вале ман ба шавҳарам нигоҳ карда, гуфтам:

- Мардакҷон, ман аз он дунё омадам, Маҳбубаро дидам, Бонуро, модаркалонамро…

Баъди табобатҳои зиёд ба худ омадам ва аз шавҳарам фаҳмидам, ки се рӯз дар ҳолати кома қарор доштаам. Чун ман ба ӯ дар бораи он дунёи бароям ноошно гап мекушодам, шунидан намехост.Ххоҳиш кард, ки дигар ин ҳарфҳоро пеши касе нагӯям, то девонаам нахонанд. Ростӣ, аз шавҳарам ранҷидам, охир, ман дурӯғ намегуфтам. Дигар дар ин бора на ба модару падарам лаб кушодаму на ба ягон пайвандам.

Дар ҳайрат аз он будам, ки Маҳбубаи ҳамкорамро дидам… Шояд аз он, ки ӯ ҳамеша дар бораи шавҳари занакбозаш ба ман рози дил мегуфт. Маҳбуба намехост аз ҳамсараш ҷудо шавад, зеро ӯро дӯст медошт, вале ин занбоз аз болои ӯ чанд зан гирифт, гӯё фарзанддор ҳам шуд. Зан худро қурбони ин ишқи беҳосил кард. Ҳарчанд гуфтамаш, ки дар синну соли ту ҳомиладорӣ хатарнок аст, боз пайи кораш рафт.

Бону, дугонаи ҷамолакиам буд. Ман байни шаш бародар духтари ягона будам ва бо ҳамсоядухтарамон Бону мисли апаву хоҳар будем. Бо ҳукми тақдир дар пойтахт низ дар наздикии якдигар зиндагӣ мекардему рафтуомад доштем. Саратони ҷигар Бонуро кушту ман худамро дар Душанбе беболу пар эҳсос мекардам. Бонуро доим хоб медидам, ҳатто дар хобҳоям бо ӯ рафтан мехостам, вале ӯ ба зӯр аз ман ҷудо шуда, маро намебурд.

Модаркалонам он рӯз ҳамроҳи дугонаам маро дар он дунёи бароям ноошно намонданд ва маҷбур назди азизонам фиристоданд.

Ман то ҳол он туннели сиёҳу дарозу дилбазан, чароғаки сафед, духтурон, он дунё, Маҳбубаву Бонуву модаркалонамро чун навори кино пеши назар меорам. Ҳайрон мешавам, ки ин чӣ ҳикмат дорад, аммо шавҳарам дар ин бора ҳарф заданро ба ман маън кардааст. Мегӯяд, ки мардум ба ҳолат механданд. Чаро? Чаро мардум ба ҳоли ман механдида бошанд, намедонам. Ман девона нестам, баъди талошҳои зиёд барои саломатиям, ҳоло бардамаму кор мекунам, зиндагӣ идома дорад, вале он дунёе, ки меҳмон шудам, ҳанӯз пеши назарам аст. Ман бовар дорам, ки Худованд ба ман он дунёро нишон дод ва имрӯз панҷ вақт намозамро тарк намекунам, нисфи пули ёфтаамро дар роҳи Худо хайр мекунам, шукрона мекунам ба даргоҳи Худои бузур барои лутфи бешумораш.

Ин буд қиссаи ман, қазоват аз шумост.

ФАЗИЛА

Таснифи НИСО

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД