Arzon march 2024
Арвоҳ дар хоб чист?
3492


Чанд шаб шуд, ки фақат рӯҳу арвоҳҳои шиносу ношинос ба хобам медароянд. Хоб мебинам, ки мурдаҳо аз қабрҳояшон баромада кафани сафед дар тан дар кӯчаҳо гашту гузор карда истодаанд. Сахт тарсида доду фарёдзанон бедор мешавам. Мехоҳам донам, ки чаро фақат мурдаҳоро хоб дида истодаам ва таъбири чунин хобҳо чист?

Меликмурод аз н. Варзоб
Посух
Тез-тез мурдаҳоро дар хоб дидан аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳаёти шахси хобдида гардиш ва тағйиротҳои хеле ҷиддӣ ба вуҷуд меоянд. Хоб бинед, ки мурдаҳо дар кӯчаҳо гашту гузор доранд ва ҷониби шумо бадқаҳрона назар афканда ҳуҷум кардан мехоҳанд, бидонед, ки бо ин роҳ офаридгор шуморо аз дахолати шахсони бегона ба ҳаётатон огоҳ карда истодааст.

Бодиққт бошед, ба ҳар хел тӯҳмату овозаҳои беасос, ки нисбати ҳамсар ва дигар аъзои хонадонатон паҳн мекунанд, дода нашавед,зеро дар акси ҳол, балвои дигарон метавонад ба шикасти сахт дар зиндагии шумо оварда расонад. Арвоҳи ба хобатон даромада ба шумо зиён нарасонад, баъзе нохушиҳо рӯй медиҳанд, вале ба шумо зиёни ҷиддӣ намерасад.

Хоб бинед, ки ягон дӯстатон мурдаасту рӯҳаш дар кӯчаҳо сайругашт дорад, байни шумо ва он шахс ҷангу ҷанҷол сар мезанад. Кас, агар хоб бинад, ки худаш кайҳо мурдааст, вале руҳаш аз гӯр аст, маълум мешавад, ки вай аз ҳаёти худ комилан розӣ нест, вале зиндагиашро тағйир дода наметавонад.

Дар хоб дидани рӯҳу арвоҳи падару модаре, ки кайҳо аз олам гузаштаанд, хуб аст. Волидон ҳатто баъди маргашон низ ба он хотир ба хоби фарзандони худ медароянд, ки онҳоро аз ҳар гуна нохушиҳо муҳофизат намоянд.

Шахсе, ки дар хобаш рӯҳу арвоҳҳо медароянд, агар ба шахси дармондае хайр кунад ва ё дасти беваю бечорагонро гирифта, чизе ба ин тоифа садақа намояд, хеле хуб мешавад, зеро хайру садақа савоби зиёде дошта, пеши роҳи балоҳоро мегирад.

Имконияти кӯмаки пулӣ расонидан надошта бошед, ба ягон ҳамсояи камбағалатон як нон ё як коса хӯрок диҳед, ин ҳам хайр ба ҳисоб рафта, савоби он дар китоби умратон сабт мешавад ва худи шумо руҳан ором гашта, хоби дидаатнро фаромӯш месозед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД