Arzon march 2024
АРӮСҲОЯМ ХУДКУШӢ КУНАНД, АЙБИ МАН ЧӢ?
3652

 Ҷавони 23-солаи муҷаррадам. Ростӣ, худамро чандон бачаи базеб намешуморам, вале аз чи бошад, ки аз замони наврасӣ ҳамеша духтарҳо аз пасам кашола шуда мегаштанд. Ба ягонтоашон аҳамият намедодам, чунки ҳушу ёдам ҳамеша ба хондан банд буду ба ишқу ошиқӣ бовар надоштам.

Ҷӯраҳоям маро маломат мекарданд, ки чунин зебосанамҳоро монда, сарамро бо китобхонӣ гиҷ мекунам. Ҳамин тавр солҳо турнасон гузаштанд ва ман донишгоҳи олиро хатм намудам. Синну солам кайҳо ба зангирӣ расида бошад ҳам, ҳамоно хуши бо духтарҳо чақ-чақ кардан надоштам, вале дилдодагон ҳамоно бо воситаи ҷӯраҳоям рақамҳои телефони маро ёфта, занг мезаданд. Рақамҳоямро чанд бор иваз намудам, то аз духтарҳои ошиқ халос шавам, аммо аз қисмат гурехта намешудааст. Бо амри тақдир бо Ситора ном духтараке ошноӣ пайдо намудем. Аниқтараш худи Ситора сари роҳамро гирифта ба ман изҳори муҳаббат намуд ва ман ҳам барои наранҷониданаш рақамҳоямро додам. Ситорабону дар як рӯз чанд бор ба ман занг мезад ва мудом аз ишқу ошиқӣ ҳарф мезад. Дертар бо Парвина ном духтарак аҳди дӯстӣ бастем. Парвина бо баҳонаи ҷашни зодрӯзаш маро ба тарабхонаи бонуфузе даъват кард. Рафтам. Дар тарабхона ба ғайри ману вай дигар касе набуд. Парвина бо чашмони гирён худашро ба оғӯши ман партофта гуфт, ки бо тамоми ҳастӣ маро дӯст доштааст ва туҳфаи бо умед овардаашро ба дастам дод. Намедонам накҳати гуворои танаш ба ман таъсир намуд ё ашки чашмонаш, ки чӣ тавр ишқашро қабул карданамро худам ҳам нафаҳмида мондам.

Ҳамин тавр дар байни ду дарё мондам. Шабҳо вақти муносиб ёфта гоҳе бо Ситора гап мезадаму гоҳи дигар бо Парвина, вале дар масъалаи бо кадомашон хонадор шудан ҷиддӣ фикр накарда будам. Ҳафтаи гузашта модарам дар боби оиладоршавии ман гап кушода гуфт, ки кайҳо духтари ҷӯраи падарамро таги чашм кардааст ва ман хоҳам-нахоҳам, ба хонаи арӯси дилхоҳашон хостгорӣ мераванд. Оилаи мо оинҳои худро дорад ва тибқи таомули хонаводагӣ сухани волидон барои мо, фарзандон ҳукми қонунро дорад, аз ин хотир чизе гуфта натавонистам. Хабари тараддуди зангирӣ доштанамро шунида ҳарду маҳбубаам якбора “девона” шуданд ва маслиҳат кардагӣ барин ҳардуяшон як гапро гуфтанд: “Худамро мекушам!” Гумон доштам, ки ин гапро барои тарсондани ман мегӯянд, вале шӯхӣ намекардаанд. Парвина аз алам раги дасташро бурида ба беморхона афтид, Ситора бошад, доруи димедрол хӯрда, қариб ҷон ба ҷонофарин месупурд.

Падарам аллакай ба хостгории Умедаи духтари ҷӯрааш рафта, гапзанон карда омаданд, вале ман метарсам, ки ин тӯй ба сарам ягон балои азимро меорад. Худо накарда Парвинаю Ситора боз қасди ҷони худ намоянд, яқин ҷойи ман кунҷи маҳбас мешавад.

Хонандагони азиз, илтимос ба ман маслиҳат диҳед! Ҷонамро аз ин гирдоб чӣ гуна раҳонам?

Аъзам, аз н. Шоҳмансур  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД