Formula novemver 2024
Арӯси сиёҳпича
20.11.2022
Дилошӯб
2278

         Гесӯ рӯи бистари беморӣ мехобид, дар давоми ду соли бо аҷал дастугиребон буданаш ҳам, ҳусни зотияшро зарае накоҳонда буд. Рӯи гирдаи сафеди беғубор, чашмони сиёҳи бодомӣ, абрӯвони баланди пайваст…

Фақат пайи ҳам кимиёдармонӣ гирифтанаш, мӯйҳояшро резонда буду онҳо аз нав баромада кӯтоҳ буданд. Духтарак дар оташи таб месӯхт, модари сарсахташ холаи Миҷгон болои сараш маҳзун менишаст, ӯ ба тақдир тан дода буд, медонист, ки аҷал пушти дар асту қасди ҷони Гесӯи нозанинашро дорад.

Дилу ҷигараш месӯхт, вуҷудаш месӯхт, баробари духтараш дард мекашид, вале намехост Гесӯ чашмони тарашро бубинад ва умедаш шикаста шавад.

-Очаҷон, -пичиррос зад Гесӯ, -ҷони оча, нозанини оча, чӣ гуфтӣ,- дарҳол посух дод модари дар панҷаи ғам обу адо. Гесӯ ба модараш нигариста гуфт:-Очаҷон, табам монд, ҷурғоти хунук мехоҳам.

-Ҷони оча, садқаи хоҳишҳои ту,- гуфт холаи Миҷгон ва як коса ҷурғоти қаймоқиро назди духтараш монд. Гесӯ ҷурғот мехӯрду бо модар рози дил мекард:

-Очаҷон, ман ҳам арӯс мешавам а? Рӯзи тӯям куртаи чакан мепӯшам, дар тарабхона ҳам, фатта намепӯшам,-дигар риштаи ин суханро духтари бемор дар замин намемонд. Гесӯ 19 сол дошт, ӯ дар хонаводаи холаи Миҷгон, ки баъди сари шавҳараш ду духтару ду писарро танҳо ба воя расонид, фарзанди хурдӣ, кенҷадухтар ва эрка буд. Писарони баномусаш, ҳар ду донишгоҳро хатм намуда, пайи касби падар рафта, духтури дандон шуданд, ҳоло соҳиби хонаи ободу фарзанд буда, дар як бинои истиқоматӣ ҳамроҳи модар зиндагӣ мекунанд ва ҳар рӯз чанд бор занҳояшон, пеш аз кору баъд аз кор худашон аз ҳоли модар хабар мегиранд. Писари хурдӣ ҳеҷ намехост рӯзгорашро ҷудо кунад, аммо холаи Миҷгон хонаи писаронашро ҷудо кард, вале дар пеши назари худаш. Духтари калонияш Мину мисли модар муаллима буд ва ба ҳамсабақаш ба шавҳар баромада, дар гӯшаи дигари шаҳр зиндагии хурамму осуда дошт. Гесӯ дар соли охири мактаби миёна мехонд ва мехост тарроҳи либос шавад, вале саратони хун нагузошт, ки дар пайроҳаҳои умр осудаву устувор қадам гузорад. Ҳама кӯшишҳои бародаронаш ба хотири аз чанги аҷал равон намудани хоҳари нозанинашон бе натиҷа анҷом ёфт, Гесӯро бародари калонияш ба Ҳиндустону Исроил барои табобат бурд, тамоми дороияшонро сарф карданд, аммо дард бадани нозуки Гесӯро тарк накард.

Акнун ӯ рӯи ҷогаҳи марг ҳаваси арӯс шудан дорад, холаи Миҷгон худашро ба зӯр медошт то духтараш пай набарад, ки ӯ арӯс нахоҳад шуд. Бародарони Гесӯ медонистанд, ки рӯзҳои башумораш боқӣ мондаанду ҳар чӣ дилаш мехост, барояш муҳаё мекарданд. Янгаҳояш дар хизмати хоҳаршӯи меҳрубонашон буданду дар пинҳонӣ ҳамроҳи хушдоманашон ашк мерехтанд. Пас аз хӯрдани ҷурғот Гесӯ каме ба худ омаду шонаро гирифта, мӯйҳояшро шона карда, рӯймолашро дуруст баст, ҳамин вақт ҳамсояи рӯ ба рӯяшон Марямбону дар дасташ як табақ манту назди Гесӯ омаду ӯро дар даст оина дида гуфт:

-Э хола, садқаи арӯсаке, нағз шав, худам келинат мегирам, барои Аминҷон, оҳ ҷуфти арзандаед! -Гесӯ хандида, сар хам кард ва чашмони холаи Миҷгон ғарқи об шуданд. Марямбону дугонаи наздиктарин розгӯву дилогоҳ ва беҳтарин дӯсти модари ғамзада буд ва ҳар рӯз ӯро авҳолпурсӣ мекард. Келини калонӣ бо духтарчаҳояш ба назди Гесӯ омаду дугонаҳо ба меҳмонхона гузаштанд.

-Марямҷон, дилам мекафад, духтаракам аз дина боз ҳаваси арӯс шуданро мехӯрад, дина маҷбур карда, аз сандуқ гӯшвораҳои падараш харидагиро ба гӯшаш кард, сарандози чакани духтаамро ба сар кашид, ман бо аламҳои Гесӯ мемурам дугона,- холаи Миҷгон мегуфту мегирист. Ҳамин вақт Марямбону як таклифе кард, ки модари ғамзада мот шуд.

Дугона ман Гесӯро барои Аминҷон хостгорӣ мекунаму тӯй мекунем, Худо кунаду умраш дароз бошад, зиндагӣ мекунанд, риштаи умри ҳама дар дасти Худованд аст. Марямбону медонист, ки аз умри бону рӯзҳои башумор мондааст, вале дилаш барои дугонааш ва духтараки аз дунё рӯзнодида месӯхт ва ба ин иқдом даст зад. Марямбону сехи дузанагӣ дошту бо захми сӯзан ду писаракашро бе падар ба воя мерасонид. Ёд дорад, ҳамеша лаҳзаҳои аз дунё гузаштани шавҳараш ҳамеша Миҷгон дар бараш буд ва то метавонист дастгирияш мекард. Баъди ин таклифи дугонаи ҷонияш, Миҷгон зор-зор гирист ва ба хотири шикастани армони духтараш ба ин «спектакл» розӣ шуд. Чун модар вориди хона шуда, ба духтараш хабари хостгории Марямро расонид, Гесӯ бо ҳавас гуфт, “дидӣ оча, ба бемориям нигоҳ накарда, бачаи зеботарини дом хушдорам шудааст. Худо хоҳад сиҳат шавам…” Гесӯ инро гуфту сукут кард, ду қатра ашк рӯйи рухсораҳои зардаш мисли марворид поин шуданд. Модар ӯро ба оғӯш гирифта гуфт:

-Албатта сиҳат мешавӣ, духтурон гуфтаанд, ки рӯ ба беҳбудӣ оварда истодаӣ.

Модар дарун ба дарун хун гиря мекарду арӯсаки хушбоварашро ба зиндагӣ дилгарм месохт. Ӯ аз ин хостгориву тӯй ба касе даҳон накушод, зеро медонист, ки бедардон ба ҳолаш механданд. Марям бо чанд ҳамсояи қадрдон маслиҳат карду ба Аминҷони баландболову нозанинаш, ки дар курси панҷуми донишгоҳ мехонд, маслиҳат карду ба хостгорӣ рафт. Аминҷон Гесӯро дӯст медошт, инро ҷуз худаш касе намедонист, хабари бемор шудани духтар дилашро хун карда буд, вале илоҷ надошт. Чун модар дар бораи орзуҳои Гесӯ ба вай нақл кард, ҷавон дилаш сӯхта, розӣ шуд. Модари Худотарс ба гӯши писараш пайваста мехонд, ки Худо муъҷизае кунаду Гесӯ сиҳат шавад…

Оё ин гуна хабар пинҳон мемонад? Дар тамоми бинои истиқоматӣ овоза шуд, ки Гесӯро барои Аминҷон хостгорӣ мераванд. Баъзеҳо гиребони ҳайрат мегирифтанд, ки оё аз ҷанголи саратон роҳи раҳоӣ ҳаст, ки Гесӯ шавҳар мекунад? Баъзеи дигар мегуфтанд, ки Худованд тавоно аст, духтаракон ҳайрон мешуданд, ки чаро Аминҷон бо ҳамон зебоӣ ба занӣ гирифтани як касалиро хостааст, хулоса Миҷгон ба неву нестони писаронаш нигоҳ накарда, хостгоронро пазируфту се рӯз баъди хостгорӣ барои дугонаҳои духтарашу занҳои бинои истиқоматӣ дойрадаст оварда, тӯйи зебое орост. Гесӯ қувват гирифта, ба по шуд, куртаҳои атласу чакани бо мурод духтаи Марямро ба бар карда, ба мардум салом дод, ба духтаракон атру упо тақсим кард. Охири базм Аминҷон бо ду ҷӯрааш бо дастаи гулу ангуштари тилло барои табрикаш омад, ӯ ба чашмони зебои ҷавон назар дӯхта, ташаккур гуфт, Аминҷону ҷӯраҳояш нав ба хонаи дигар гузашта буданд, ки овози гиряи модари Гесӯ баланд шуд. Аҳволи Гесӯ бад шуда, баъди се соат оламро падруд гуфт. Ҳамаи бинои истиқоматии мо дар сӯги арӯсаки сиёҳпича мотам доштанд, мегиристанд, Аминҷон дар қатори бародарони Гесӯ пояи тобути ӯро бардошта мерафт. Дидани ин манзара сангтарин дилро низ об мекард…  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД