Formula novemver 2024
АРӮСИ ПОЙЛУЧ
19.08.2021
Оила
4928

 

...Ноз мактабро хатм карду барояш хостгорон омаданд, тағояш хостгории як хонадони баобрӯро пазируфт.

Барои Ноз ҳама аҳли оила харид мекарданд, ин меҳрубониҳоро дида, Нозукмоҳи бахил дар мегирифт, мекафид. Рӯзи тӯй ҳам фаро расид, ҳама дар даводави тӯй буданду Нозукмоҳ ҳамроҳи духтари тағояш нақшаи дуздиро мекашиданд. Онҳо шабона аз сандуқҳои Ноз тамоми либосҳои тагпӯшу ҷӯробу чойнику пиёларо дуздида, дар сандуқҳои Нозукмоҳ пинҳон карданд. Арӯсро ба хонаи домод гусел карданд, зимистон буд, дар тарабхона тӯй бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш идома дошту дар берун барфи лаклакӣ меборид...

Сурайё Қосимова: “Маро дигар Сурайё нагӯед!”

...Овозхон ҳамроҳи хоҳарбузургаш Садбарг ва бародаронаш Шамсу Файз дар тарбияи модарашон Давлатбӣ Қосимова бузург шудаанд. Сурайё Қосимова бори аввал дар 17-солагӣ бо Назирмад ном ҳамкораш издивоҷ карда, тайи 10 сол бо ӯ зиндагӣ кардаву соҳиби ду духтар, Рӯзигул ва Шабнам шудааст. Баъдан ба Хуршед ном марди аз худаш 7 сол хурд ошиқ шуда, бо ӯ издивоҷ кард ва соҳиби ду фарзанди дигар, Фарзона ва Эмомалӣ шуд, ки ягона писараш соли 2017 дар синни 16-солагӣ бар асари бемории саратон вафот кард. Моҳи сентябри соли гузашта Қосимова бори сеюм бо марди аз худаш 17 сол хурд издивоҷ кард...

Ба ишқам туф кардӣ, Холида!

...Пас аз як рӯз ӯ барои зисти доимӣ ба хонаи мо омад, ки хурсандии ман на ҳад дошту на канор. Минбаъд ҳар пагоҳӣ ӯро ба омӯзишгоҳ мебурдаму то нисфирӯзӣ дар хона мунтазираш менишастам ва ҳамин, ки ӯ аз дарс меомад, парвонавор дар гирдаш будам. Баъзан, мулоқотҳоямонро модарам дида, ҷангам мекард, ки аз духтари мардум худамро канор гирам. Аммо ин гапҳо ба гӯши ман намедаромаданд, зеро оташи ишқ вуҷудамро месӯзонд. Холида чунон маро мафтун карда буд, ки агар соате набинамаш, хона дар назарам мотамхона менамуд. Баъди шаш моҳ Карим аз муҳоҷират омад...

Агар закот надиҳӣ, туро чӣ интизор аст?

...Закот соҳиби худро аз гуноҳҳо пок месозад, ӯро аз бахилию ҳарисӣ ва дигар ахлоқи паст ҳифз мекунад ва лоиқи ҳамҷавор будан ба Худованди мутаол дар ҷаннатулфирдавс мегардад. Худованд дар қазо навиштааст, ки бахил ҳаргиз ҳамҷавори ӯ намешавад. Дар адо намудани закот инсон аз бисёре аз азобҳои гуноҳ раҳо ёфта, чандин мусибату балоҳо аз сараш дур мешаванд. Худованд мефармояд: “Ту аз амволи эшон садақа бигир, ки бо он эшонро тоҳиру пок месозӣ ва барои онҳо дуо намо. Ҳамоно ки дуои ту барояшон оромибахш аст ва Худованд шунаво ва доност” (Сураи “Тавба”, ояти 103)...

Язна ҳеҷ гоҳ падар намешавад

...Он мард ба хонааш рафта, чанд дона чӯби майдакарда ва докаи сафед оварда, пои бузғолачаро баст. Дили ман аз гапи ҳамсоямард боз ба ваҳм даромад. Золим будани падар-язнаамро медонистам, вале аз гапи ҳамсоя бештар тарс дар дилам ҷо шуд. Он рӯз дар хона шӯре барпо гашт. Дада-язнаам бузғолачаи пойшикастаро дида, гӯё фарзанди азизашро дар ин ҳол дида бошад, сангеро ҷониби ман ҳаво дод. Каме худро қафо кашидаму санг ба банди поям расид. Аз зарби хӯрдаам ба замин афтодам. Хун аз банди поям фаввора зад. Холаам чун балогардон худро ба болоям партофт. Бо вуҷуди ин, ба тани нозуки ман чандин зарбаҳои пои падар-язнаам расид...

Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 32-юми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 18-уми августи соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52

“Маро танҳо нагузор”

Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақами 93-600-32-63 (Viber ва Imo) бифиристед!

 

 

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД