Сафар машғули бозӣ бо писарчаи якунимсолааш буд, ки занаш телефонашро оварда “ба шумо касе занг мезанад” гуфта, дароз кард. Ӯ гӯширо бардошт.
Аз он тараф овози занона баъди салому алейк гуфт:
– Шумо Эҳсони камерачӣ ҳастед?
- Ҳа ман, чӣ буд?
- Додар, ин ҳафта тӯйи хоҳарам аст, ба хизмати Шумо ниёз дорем...
Ҳамин тавр, ӯ бо тӯйдор машварат карда, суроғаро гирифт.
Рӯзи тӯй ва дар соати зарурӣ ба суроғаи таъйиншуда омад. Соҳибони тӯй ӯро пешвоз гирифта, аввал ба кошонаи ҳусн оварданд, то лаҳзаи ороиши арӯсро сабт кунад.
Дар рӯ ба руйи оинаи барҳаво духтаре дар либоси арӯсӣ болои курсӣ нишаста буду пардозгар ӯро орову торо менамуд. Сафар рӯйи арӯсро намедид. Мунтазир буд, ки кай пардозгар корашро тамом мекунад, то ки ӯ ба кораш оғоз намояд. Вақте пардоз ба охир расид ва аз чашми камера ба рӯйи арӯс нигираст, шах шуд, зеро ӯ арӯсро нағз мешинохт. Аниқтараш замоне ошиқи зораш буду ҳар ду дар ҳавои ишқу муҳаббат нақшаи зиндагии хушбахти оянда мекашиданд.
-Чӣ шах шудӣ ё маро ҳоло ҳам дӯст медорӣ?–пурсид арӯс.
- Не, он лаҳзаҳо як баҳоре буду бигзашт,-посух дод Сафар ва ба кораш идома дод.
Арӯс қош парронда писханд зад:
-Медонам, дар рашк месӯзӣ...
-Дилафрӯз, хуб медонӣ, ки гуноҳ аз ту гузашт. Ҳоло ки бахтатро пайдо кардӣ, дар фикри ояндаи худат бош. Ман шукри Худо оиладор, хушбахт ва соҳиби фарзанд ҳастам. Ба ту дигар меҳрам намондааст, ки рашк кунам...
-Ин тавр бошад, коратро бо сифат анҷом деҳ... –бо зарда гуфт, Дилафрӯз.
Сафар бепарво ба сабт идома дод. Арӯс чун моделҳо бо ишваву ноз дар назди камера мехиромид...
Баъди чанд лаҳза аз толори арӯсӣ берун шуданд ва ба мошини ородода нишаста, ба сайри боғ рафтанд...
Раҳораҳ дар қалби Сафар як навъ фишор пайдо шуд ва ӯро ба ёди рӯзҳои гузашта бурд.
Ӯ Дилафрӯзро дар донишгоҳ вохӯрда, ба ӯ дил дод. Духтар низ зуд ба ишқи ӯ посух дод ва ҳар ду Лайливу Маҷнун буданд. Сайри боғ мерафтанд, ҳамроҳ хот-дог ё ширинӣ мехӯрданд ва дар сар парвои зиндагӣ надоштанд. Аммо...
Дилафрӯз бо чанд духтари ҳавобаланд дугона шуду фикраш тағйир ёфт. “Одам одамро вайрон мекунад”-мегӯяд халқ, ки ҳақ асту рост. Баъд аз оне, ки Дилафрӯз бо он духтарон равуо кард, талаботаш нисбати Сафар зиёд шуд. “Ту ба ман ину он хар”-гуфта, ӯро истинтоқ мекард. Сафари бечора баъди дарсҳо дар вокзали роҳи оҳан борфарорӣ мекард, то ки хоҳишҳои дӯстдоштаашро амалӣ намояд, аммо...
Яке аз рӯзҳо Дилафрӯз гуфт:
“Сафар, ту дар шаҳр хона надорӣ, биё ҳавлиатонро дар деҳа фурӯхта, дар шаҳр ҳавлӣ мегирӣ”...
Ин ҳарфи Дилафрӯз чун қувваи барқ ба Сафар таъсир кард, зеро ӯ фарзанди ягонаи волидайнаш буд ва падару модараш ба ҳеҷ ваҷҳ дар пирӣ хонаашонро намефурӯхтанд ва фикри хонафӯрӯшӣ падари дардмандашро мекушт.
Ҳамин тавр, байни Сафару Дилафрӯз ишқ поён ёфт. Дар ин миён Сафар оиладор шуд ва феълан зиндагии ободе дорад.
...Корвони мошини арӯсу домод ба тарабхона расид. Тарабхонаи қашангу зебо. Ҳама меҳмонҳо либосҳои фохир ба бар карда, интизори арӯс буданд. Арӯс аз мошин фаромад, вале аз домод дарак набуд. Сафар дар ҳайрат монд. Домод куҷост? Арӯс дар тахт танҳо менишаст ва гоҳо фаромада, бо дугонаҳояш ба рақс мепайваст. Сафар ҳақ надошт, ки бипурсад ки домод дар куҷост? Ба ҷойи домод падару модараш, ки сарватманд буданд, хоҳару додараш ва хешу табораш суханрониву баромад мекарданд. Хулоса, аз домод дарак набуд. Ҳамин тавр, тӯй ба охир расид.
Вақти аз тарабхона баромадан ва ба мошин нишастан, Сафар як бало карда аз нафаре пусид, ки домод дар куҷост?
-Домод, дар зиндон. Писари сарватманд асту барои қатли 5 нафар 26 сол равонаи зиндон шудааст. Барои пулаш шуда, Дилафрӯз ба ӯ шавҳар кард...
Сафар баъди тӯй ба хона бармегашту ҳушу хаёл надошт. Наход ба хотири маблағ, ба хотири сарват, ӯ Дилафрӯз, духтаре, ки ӯ дӯст медошт, қотилро гирад, қотиле, ки 20 соли ояндаро пушти панҷара мегузаронад? Наход? Наход? Одамон барои пул шуда, ба чӣ корҳое даст намезананд.
Ба хона расид, ки писарчааш “Дадаҷон” гӯён, ба гарданаш ҳалқа шуд.
“Бе дадам хоб намеравам”–мегӯяд, гуфт завҷааш. Сафар зану фарзандашро ба оғӯш кашида, шукр мегуфт, ки оилаи обод ва ҳамсари солеҳ дорад...