Sebiston new 2024 october
Арӯси хоболуд писарро аз модар ҷудо кард
13.03.2023
Mahina
4693

Салом апаҳову бародарони азиз. Ман хонандаи доимии шумо ҳастам. Вақте ки бародарам зан гирифт, мо чор хоҳаракон беҳад хурсанд будем, ки ба хонаи мо арӯс омад. Вале баъди як ҳафтаи тӯй арӯсак бо модарам ҷанҷол бардошт, ки чаро маро аз хоб субҳи солеҳон бедор мекунӣ.

Модарам ба келин гуфтанд, ки “охир, ту арӯси нав ҳастӣ, баъдан саҳархезӣ баракат дорад”. Янгаам дар ҷавоб дод зада гуфт, ки “ман духтари эркаи падарам будам ва пеш аз тӯй ба писаратон гуфта будам, ки ягон кори хонаро намекунам”.

Худи ҳамон бегоҳӣ акаҷонам аз кор омаду янгаам бо ӯ ҷанг кард, ки модарат маро беҳуда ранҷонид. Акаҷонам бо қаҳр ба модарам гуфт, ки “оча, чаро дили арӯсро ранҷонидед?” Модарам оҳи сарде кашиду чизе нагуфт.

Субҳи дигар келинамон ба падараш занг заду бору буғчаашро гирифта, ба хонаи падар рафт. Бародарам ҳам аз паси ӯ рафт. Хусураш ба онҳо аз маркази шаҳр хонаи 5-ҳуҷрагӣ харида додааст. Акнун бародари ягонаи мо дар як моҳ як бор ба хонаамон меояду мепурсад, ки чӣ камбудӣ дорем.

Модарам гиря карда, мегӯяд, ки “пазмони дидорат шудам, бачаҷон. Ба мо чизе лозим нест, худату келин биёед, кофӣ аст”. Чанде пеш келинамон писарча тавваллуд карду то ҳозир мо рӯйи ҷиянчаамонро надидаем.

Модарам пинҳонӣ гиря мекунад. Мехоҳам рафта, бо янгаам суҳбат карда гӯям, ки наход ту модарро аз писараш ҷудо кунӣ. Аммо боз андеша мекунам, ки мабодо акаам аз ман хафа шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД