Салом ба кулли муштариёни сомонаи Оила. ТЧ!
Ман аслан зодаи Хатлонзамин ҳастам, вале бо амри тақдир сокини пойтахт гаштам. Вақтҳои охир дар рӯзномаву маҷалла ва сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ хушдоманҳоро бисёр сиёҳ мекунанд ва маҳз модаршӯйро дар вайроншавии оилаҳои ҷавон гунаҳкор менамояд, вале ба назари ман ҳама гуноҳро ба гардани хушдоман бор кардан аз рӯйи инсоф нест. Аслан, мо, келинҳо ҳам чандон моҳи бе айб нестем, хушдоман як даҳон гап зада, модарвор моро насиҳат карданӣ шавад, ба ҷойи камбудиҳои худро ислоҳ кардан , бидирросзанон гапгардонӣ мекунем. Ҳамин тавр муносибатҳо вайрон ва оила ноором мешавад. Гумон накунед, ки бо ин ҳарфҳо ман дигар келинҳоро сиёҳ карда, аз худам фаришта сохта истодаам. Ҳаргиз ин тавр нест. Иқрор мешавам, ки ман ҳам дар зиндагӣ чандон келини идеалӣ нестам. Вақте ки ба шавҳар баромадам, ҳанӯз дар ҳаёт хом ва бетаҷриба будам, нозукиҳои рӯзгордодиро намедонистам, аз дастам бисёр корҳо намеомаданд. Фикр мекунам, ки агар ба ҷойи хушдоманам зани дигар мебуд, шояд дар ҳамн моҳҳои аввали хонадориам маро аз дар берун мекард, вале хушдомани ман бисёр зани боандеша ва ботаҳаммул аст. Аз оғоз то ба имрӯз хушдоманам бо гапи хуб камбудиҳои маро гуфта, мекунад, ки рӯзгордориро ёд гирам, чунки фардо ман ҳам хушдоман мешавам ва бояд равиши хонадориро ба келинҳоям ёд диҳам. Ҳамин тавр дар байни чанд вақт хушдоманам тамоми сирру асрори пухтупаз, қабулу гусели меҳмон вароҳу равиши зиндагиро ба ман ёд дода, аз як духтари беаҷриба кадбонуи ҳақиқӣ сохт вакелини таърифӣ шуда мондам. Хушдоманам филми ӯзбекии “Суперкелинчак”-ро дӯст медорад ва гаштаву баргашта ин филмро тамошо мекунад. Гоҳо нимшӯхиву нимҷиддӣ маро “суперкелинчак” садо мекунад. Ростӣ хеле хурсанд мешавам, чунки мани бе таҷриба бо сарпастию дилёбиам дили хушдоманамро ёфта барои ӯ имрӯз “суперкелинчак” шудам.
Дар хир ман ҳамчун якҷавонзани тоҷик ба тамоми келинҳо маслиҳат медиҳам, ки ҳаргиз ба рӯйи хушдоман гап гардонида, дилашро озор надиҳанд, чунки хушдоман ҳам модар аст ва модарвор насиҳат мекунад, то келин нозукиҳои хонадориро омӯхта, дар зиндагии оилавӣ хушбахт гардад. Дугонаҳои азиз, ба ҷойи ҳама гуноҳро ба гардани хушдоманҳо задан ба худ ва рафтору кирдоратон диққат диҳед, агар дар ҷое камбудӣ доред ва ё ба коре сарфаҳм намеравед, ғуруру такаббуро як тараф гузошта, аз хушдоман маслиҳат пурсед. Ҳамин тавр шумо рӯҳан ба ҳамдигар наздик шуда, мисли очаву духтар қарин мегардед. Боқӣ ба ҳамаи бонувони тоҷик ахти оилавӣ мехоҳам, чунки барои зан аз хушбахтии оилавӣ дида ганҷи қиматтаре нест!
Ороми ҷон хушдоман,
Роҳати ҷон хушдоман,
Зеби ҷаҳон хушдоман,
Хушдоманҷон хушдоман.
С. Неъматзода, ш. Душанбе