Ба модарам духтарони хонадагии ба ғавле «современный» ва шартакигӯй тамоман писанд нестанд, аз ҳамин сабаб дар масъалаи хонадоршавии ман моҷаро бархост.
Волидонам ду пояшонро ба як мӯза андохта мегуфтанд: «Шаҳриҳои нокорамро келин карда, худамонро обу адо намекунем!» Табиист, ки ягон ҷавон ба хотири ишғи духтаре шуда, аз баҳри падару модараш намегузарад, ман ҳам ба рӯйи волидонам по монда натавонистам. Модарам дасту остин барзада, аз пайи келинкобӣ шуданду мани зангир «наход чунин зани зиндагидида дар интихоби келин хато кунад» гӯён, тамошобин шудам, ки киро меёбанд. Модарам чандин духтарҳоро дида бошанд ҳам, ҳатман ягон айбашонро ёфта, ба таври худ «брак» мекарданд. Ҳамон шабу рӯзҳои моҷарои зангирии ман серриали «Хушдомани золим» баромад.
Ин филмро ба завғ тамошо карда, ғарор додам, ки Гопи барин ягон духтараки оромтабиату тарсончакро ба занӣ мегирам. Намедонам, малоикаҳои даргузар омин гуфтанд ё аз азал тақдирам чунин будааст, ки воқеан чунин арӯс ёфтем. Аз байни садҳо паричеҳра модарам Фозиларо ба ман муносиб донистанд ва бо тӯю тамошо келин карда оварданд.
Аз рӯзҳои аввали зиндагӣ дарк намудам, ки бо як «гӯсфанди кар» хонадор шудаам. Занам канизаки тапа тайёр аст, якбора аз паси даҳ кор медавад, вале ягон кораш маънӣ надорад. Гапҳои беақлонааш асабамро хароб месозанд. Мабодо ягон кор фармоям, даҳ бор а, а, а, а карда, ҷонамро ба лаб меорад. Ба худаш тамоман аҳмият намедиҳад. Ба фикрам чӣ будани атру упо ва косметикаро аслан намедонад.
Саҳар хеста дасту рӯяшро мешӯяду то бегоҳ аз паси кору бори модарам медавад. Гӯё зани ман нею зани модарам бошад. Ба хотири модарам тоғат карда гаштаам, вагарна барвағт кафшашро пеши пояш гузошта, аз дарвоза берун мекардам. Аз дасти ин зани бесавод хонагурезу ҷонбезор шудаам, аз ин хотир ғаламу коғаз гиирфтам, то аз хонандагони «Оила» маслиҳат пурсам.
Сомон Алиев, аз ш. Ваҳдат