Хостгорӣ ва ошӯби модар
Ориф рафту як нимаи тани маро низ канда, бо худ бурд, ман дигар он духтари шӯху хушгапу чақ-чақӣ набудам, хаёлам дар олами дигар сайр мекард. Баъд аз ду моҳи рафтани донишҷӯён сесияи зимистонаи мо низ сар шуду ман ба Душанбе рафтам, дар ин ду моҳ гоҳ-гоҳе аз почта ба хобгоҳ занг зада, бо Ориф ҳамсӯҳбат мешудам. Дар чил рӯзи дарси ман мо агар чанд соати дарси ману имтиҳонсупории Орифро дар назар нагирем, қариб шабу рӯз бо ҳам будем. Чӣ шабҳоеро дар хиёбонҳои барфпӯши Душанбе бо қадамзанӣ саҳар кардем, Ориф, ки либоси зимистонаи хуб надошт бемор шуд. Ман ба хона баргаштам, аммо ҳушу ёдам дар Душанбе монда буд, зуд-зуд занг зада, аз азизи дилам аҳвол мепурсидам ва тобистонро мунтазир будам, ки боз дидор бинем… Тобистон мо он қадар фурсати дидор надоштем, зеро Ориф имтиҳони давлатӣ месупорид, вале аввалҳои моҳи сентябр дар сӯҳбати телефонӣ ӯ гуфт, ки дар яке аз мактабҳои калонтарини пойтахт ба кор даромадаасту дар канори шаҳр ҳавличаеро иҷора гирифтааст. Худо хоҳад, ба хостгорӣ меояд. Ориф ба ваъдааш вафо кард, миёнаҳои сентябр ҳамроҳи мӯйсафеде, ки дар хонааш иҷора меистод, ба хостгорӣ омад ва дар хонаи мо қиёмат қоим шуд! Модарам қиссаи ишқи ману Маҷнуни ба қавли худаш бесоҳибро шунида, бо ҷорӯбе чандто ба пуштам зад, мӯйсафедро бо «саѓираи почакандаи бе дидаву рӯй» бошад, аз хона ронд, рӯирост ронд! Бародаронам аз тарс чизе намегуфтанд, аммо ман қатъиян гуфтам:
-Оча, хоҳед, нахоҳед ман Орифро мегирам!
-Ҳе, бар падари ту лаънат, шарманда, ин бе аслу насаби почакандаро, ки ҳатто хонае надорад, занашро барад, аз куҷо ёфтӣ?! Г… хӯрдӣ! Обрӯи ман не, обрӯи ду бародаратро фикр кун, оқат мекунам!!!
Пас аз ин моҷаро, чан рӯз хомӯшу хаёлӣ гаштаму баъд ба ноҳия рафта, ба хонаи иҷораи Ориф занг задам, телефонро зане бардошта гуфт, ки дигар Орифро наҷӯй, ӯро ба духтари дигар фотеҳа карданд.
Бахти маҷбурӣ
Дилам аз оламу одам монд ва ба хона баргаштам, баъди як моҳи ин ҳодиса маро бо Самад муҳосиби колхоз фотеҳа карданд. Чизе нагуфтам, зеро дунё дар назарам якрангу сард метофт, ҳарчанд аёми долу зарби пахтачинӣ буд, аммо бо таъкидҳои модарам тӯйи мо баргузор гашт. Дар оилаи серфарзанди волидони Самад худро бегона эҳсос мекардам, субҳи барвақт хеста кору бори хонаро иҷро мекардаму ба кори давлат мешитофтам, шом баргашта, боз аз пайи кору бори рӯзгор мешудам. Ба шавҳарам ягон майлу раѓбат надоштам, вале ӯ маро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошт. Қариб даҳ суратамро калон карда, ба деворҳои хона овехта буд, бароям тӯҳфаҳои зиёде меовард, вале дили ман ҷойи дигару аз бевафоӣ хун буд. Хусуру хушдоман, ҳевару хоҳаршӯҳоям ба ҷони ман бечора буданд, ҳар кадоме то метавонист ба кору бори ман ёрӣ мерасонид. Дар ин хонадони хуштарбия ҳама вазифаи худро доштанду ман он қадар азоб ҳам намекашидам, келинам кори давлат мекунад гӯён, хушдоманам кӯшиш мекард, ки аз корҳои вазнинтар аз қабили хамир кардану хӯрок пухтан маро озод кунад. Ба чорво бошад, додаршӯйҳоям нигоҳ мекарданд, аҳли хонадон фарҳангию соҳибмаърифат ва тозарӯзгор бошанд ҳам, бароям ин ҷо мисли зиндон метофт. Бародаронам ҳамеша насиҳатам мекарданд, ки қадри шавҳараму пайвандонашро донам, модарам бо тӯҳфаҳои зиёд ба хабаргириамон меомад. Домодашро дӯст медошт, аммо ман гумон мекардам, ки ҳамаи инро дар хоб мебинаму як рӯз не, як рӯз аз ин хона меравам. Як нисфирӯзӣ нав хӯроки кӯдаконро дода, онҳоро хобонида будем, ки ба боѓча комиссия омад. Ҷавонмарди қоматбаланди чашмкабуд тамоми гурӯҳҳоро аз назар гузаронида, мураббиёнро як-як ба наздаш хонда, бо онҳо сӯҳбат гузаронид. Ман ҳам ҳуҷҷатҳои гурӯҳамро бардошта, ба наздаш даромадам, ӯ оҳистаяк номаеро ба дастам қапонда, дигар ба ман чизе нагуфта, ба берун баромаду бо мудири боѓча хайрухуш кард. Ӯ роҳравон гуфт:
- Ман назди масъулин боѓчаи шуморо таъриф мекунам, албатта таъриф. Мудири боѓча як пиёла чой нахӯрдеду гӯён, ӯро то дари дарвоза гусел кард… Аз ин рафтори «комиссия» дилам хиҷил шуда бошад ҳам, сир бой надодам, дигар мураббияҳо ту хоҳари раисӣ барои ҳамин ҳуҷҷатҳоятро дуруст насанҷид гуфта, изҳори норизоӣ карданду ман даст афшонда, вориди хобгоҳи кӯдакон шудам. Чун ҳама тинҷӣ шуд, номаро аз кисаи халатам бароварда, дар болои пораи коѓази сафед ҳусни хати ошноро дида, то дер ба худ наомадам. Эҳсоси дар вуҷудам пайдошуда на ба хурсандӣ монанд буду на ба маҳзунӣ...
Бозгашти муҳаббат
Салом Файзияҷон, ман барои фаромӯш кардани ту баъди маро аз даргоҳатон рондани модарат ба Маскав омадам, дар як завод ба ҳайси харрот ба кор даромадам. Ман ин касбро ҳангоми дар хонаи бачаҳо буданам, аз як муаллими русамон ёд гирифта будам, аз тарафи хобгоҳ бароям хобгоҳ доданд. Аммо ишқи туро аз дил берун карда натавонистам. Ман бе ту зиндагӣ карда наметавонам. Ин ҷавонмарде, ки номаро ба ту мебарад, дӯсти ман аст, ӯ авҳоли маро дида, қарор дод, ки номаамро ба ту мерасонад. Ман ҳоло ба муҳлати як ҳафта ба Душанбе омадаам, агар ишқат ба ман ҳақиқӣ бошад, биё якҷоя ба Маскав меравему зиндагии якҷоя оѓоз мекунем. Ориф дар охир рақами телефонеро гузошта буд. Рӯзи дигар бо баҳонае ба маркази ноҳия рафтаму ба ҳамон рақамҳо занг задам, гӯширо Ориф бардошт, ман ба ӯ гуфтам, ки ту ҳам зан гирифтаиву ман ҳам шавҳар кардам, акнун ба гузашта саловот гуфта, ба тақдир тан медиҳем. Аммо Ориф гуфт, ки ӯ зан нагирифтаасту шавҳар кардани ман ҳам барояш муҳим нест ва ҳатто фарзанд ҳам дошта бошам, маро қабул мекунад. Маслиҳат кардем, ки ду рӯз пас ман ба назди Ориф меравам…
Дилам дар сина мисли мурѓи нимбисмил ҷон меканд, хумори дидани Ориф беқарорам карда буд. Чӣ гуна бегоҳ шудани рӯзро нафаҳмида, ба хона рафтам, хушдоманам оши борики бомаззае пухта буд. Сари дастархон ҳама бо ҳазлу шӯхӣ хӯрок мехӯрданду ман парешон будам, баъди ҷо ба ҷо кардани баъзе корҳо ба ҳаммом даромада, сар шӯстам, то сарамро хушк кардам, ки Самади хастаю лакотро хоб бурд. Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, дар ҷомадоне чанд курта, нимтанаи гарм ва ҳуҷҷатҳоямро ҷо кардаму хоб рафтам. Кӯшиш мекардам, ки соате хобам, вале мурѓи хоб лонаҳои чашмамро тарк намуда буд. Худ ба худ манзараи фардоро тасвир мекардам, ҳоли Самад чӣ мешавад, обрӯи акаҳоям, модарам…
Давом дорад