«Апаҷон, агар ту шавҳар кунӣ, маро мепартоӣ?» - бо садои гиряолуд мепурсад Фирӯз Фарзонаро.
Дили духтар аз ин суханони кӯдаки бегуноҳ обу адо мешавад ва сари ӯро ба синааш пахш карда мегӯяд: «Ман ҳаргиз туро намепартоям бачаҷон, натарс!». Ашки чашмонашро пок карда, Фарзона ба долу дарахтони ҳавлӣ менигарад ва дафтари хотироташро варақ мезанад.
Гушнамаст
Нисо, аз рӯйи нақли худаш, ки 7 сол қабл ба Фарзонаи 16-сола карда буд, дар яке аз деҳаҳои дурдаст зиндагии қашшоқонае дошт. Номи деҳаи мо Навобод гуфта буд, вале вақте суроғи ин деҳаро ҷустанд, 200 деҳа ба ин ном ёфтанду Нисоро не. Онҳо гӯё ягон шароити зиндагӣ надоштанд, шавҳараш дар ягон ҷо кор намекард, худи зан низ бе кор ва ба як бурида нон зор буд, аммо ба ин нигоҳ накарда, қариб ҳар сол таваллуд мекард. Вақте ки шумораи фарзандон ба 5 нафар расид, ҳоли Нисо тамоман табоҳ гашта, ҳушаш ба сараш зад. Акнун вай роҳи аз тифлаки навзодаш Фирӯз халос шуданро мекофт…
Рӯ ба шаҳр
Нисо дар ҷустуҷӯйи кор ба шаҳр омада, дар хонаи Аслиддин ном некмарде, ки дар бозор дӯкон дошт, иҷоранишин гашт. Аҳли ин оила ҳамагӣ одамони покдилу покният буданд ва «мусофир аст, савоб мешавад» гӯён, ҳамеша дар парастории фарзандаш ба Нисо кӯмак мерасониданд, махсусан Фарзона нисбати Фирӯзи хурдакак меҳрубон буд. Нисо бо гапи хуш дили ин духтараки ҷавонро ба даст оварда, зорию илтиҷо мекард, ки то аз кор баргаштанаш писарчаашро парасторӣ намояд ва Фирӯзи ҳаштмоҳаро ба дасти Фарзона дода, соатҳои дароз гум мешуд. Аксар вақт Фарзонаи ҳанӯз бе таҷриба намедонист шиками кӯдаки бечораро бо чӣ сер кунад, зеро Нисо ҳатто ҳавсала намекард, ки барои фарзандаш шири сунъӣ харад. Дар чунин ҳолатҳо модараш Руқиямоҳ ба имдоди Фарзона мерасид ва очаю духтар илоҷе карда, шиками кӯдакро сер мекарданду ӯро алла гуфта мехобониданд…
Модари фарзандбезор
Як саҳар Нисо «Фарзонаҷон, илтимос, Фирӯзро як-ду соат нигоҳ кун, ман зуд бармегардам» гӯён, кӯдакро ба дасти Фарзона дода, бо баҳонаи як кори зарур баромада рафт. Саҳар нисфирӯзию чошт намози шом шуд, вале аз модари Фирӯз ҳанӯз дарак набуд, кӯдак бошад, дасту почак зада, бо як овоз мегирист. Фарзона чанд маротиба шири сунъӣ тайёр карда, ба ӯ хӯронд, вале бача ҳамоно аз гиристан намемонд. Холаи Руқиямоҳ, ки зани зиндагидида буд ва чанд фарзанд калон карда, таҷрибаи фаровон дошт, шиками тифлакро бо дастонаш маҳс карда истода дарёфт, ки модари бераҳмаш ба ҷойи шир ба кӯдак ҳар хел хӯрокҳои сахт додаасту бача гирифтагии рӯда дорад. Вай бо дорую дармонҳои халқӣ гирифтагии рӯдаҳои кӯдакро фароварду Фирӯзи хурдакак ниҳоят нафаси осуда кашида, ба хоби ширин рафт…
Бачаи Худодод
Шаб саҳар шуду аз модари Фирӯз дарак нашуд. Аҳли оила гумон доштанд, ки шояд ягон кори зарураш баромада, Нисо дар ягон ҷо банд шуда мондааст, вале ин модари фарзандбезор аллакай тарки пойтахт карда буд….
Ҳамин тавр, рӯзҳову ҳафтаҳову моҳҳо гузаштанду дигар Нисо пою қадамашро ба остонаи дари онҳо нагузошт. Фирӯзи хурдакак дар оғӯши гарми Фарзона калонакак шуда, роҳгардию гапзаниро ёд гирифт. Фарзона, ки аллакай духтари қадрасу зебое гашта буд, талабгорони зиёде дошт. Хостгорҳо пушти дари хонаи амаки Нуруллоро охурча карда буданд, аммо ҳар дафъа Фарзона ягон чизро баҳона карда, ба шавҳар баромадан намехост. Волидони дилогоҳаш хуб медонистанд, ки сабаби тамоми хостгоронро рад намудани духтарашон Фирӯзи хурдакак аст. Дили Фарзона намешуд, ки ин тифлаки маъсуми аз модар зиндаҷудоро партояд. «Очаи бераҳмаш партофта рафт, ман ҳам ӯро партоям, ҳоли ин кӯдаки бечора чӣ мешавад?!» андеша мекард худ ба худ Фарзона…
Беҳтар аз модар
Фарзона се маротиба бо нияти ба хонаи бачаҳо супурдани Фирӯз аз хона баромада бошад ҳам, аз нимаи роҳ баргашт. Ҳар дафъа ба чашмони пур аз дарду маҳзуни ин писарчаи гул барин зебо нигариста, ҷигараш пора-пора мешуд ва дилаш намешуд, ки ин кӯдаки очадори бе очаро ба ятимхона супорад. Чандин одамони бефарзанд қиссаи Фирӯзро аз ҳаққу ҳамсояҳо шунида, ба хонаашон омаданд ва пули калон пешниҳод карданд, аммо холаи Руқиямоҳ ва Фарзона Фирӯзро ба ягон кас додан намехостанд. Худованд гӯё бо ин писарак Фарзонаро имтиҳон кардан мехост…
Шарти арӯс
Хостгорон ҳамоно меомаданду мерафтанд, синну соли Фарзона бошад, торафт болотар мерафт. Дугонаҳои Фарзона кайҳо ба шавҳар баромада, соҳиби хонаю дару фарзанд гашта буданд. Модараш ҳамеша ӯро маломат карда мегуфт:
-Оқибат аз рӯйи ин бача ту пирдухтар шуда мемонӣ!
Фарзона хеле фикр карда, ниҳоят ба хулосае омад, ки дар назди хостгорон шарт мегузорад. Ӯро мехоста бошанд, Фирӯзро ҳам қабул кунанд!
Ҷонфидо
Бо шунидани шарти арӯс хостгорон китф дарҳам кашида баромада мерафтанд, вале Фарзона ҳамоно ноумед намешуд. Билохира, ҷавони ҳамсоя аз Русия омаду ба Фарзона хостгор шуд ва шарти ин арӯси бачадорро қабул кард. “Ҳеҷ гап не, ризқро Худованд медиҳад. Ман солҳо дар орзуи ту будам. Агар ту бо ман оила барпо кунӣ, Фирӯзро ҳам қабул мекунам. Мисли як додарча ё фарзанди калонамон ба воя мерасад”-гуфт, шавҳаршаванда. Ҳамин тавр, дар маҳалла тӯйи калоне барпо шуду Фарзона ба шавҳар баромад. Ду-се зани ҳамсоя бо тамасхур ӯро “Арӯси бачадор” унвон карданд, вале хушдоманаш мегуфт: “Интихоби бачам аст, худшам ай худум, бачашам”.
Феълан, Фарзона соҳиби дугоник аст.
Шавҳараш бо ҳазл мегӯяд:
-Зани ман дар як бор 3 то таваллуд карда, нақшаро буд кард.
Акнун онҳо дар фикри ҳавлисозӣ ва кӯчидан аз хонаи баландошёна ҳастанд...