Arzon march 2024
Арӯси аспсавор (қисми 2)
25.05.2020
Дилошӯб
3180

ИДОМААШ...

Найрангҳои духтари вазир

Санҷар писари ягонаи марди мансабдоре буд ва волидонаш арӯси ба худашон баробар ҷуста ӯро бо духтари як вазир хонадор карданд. Марҷона, ки бойдухтари нозпарвард буд, аз рӯзи аввали ба хонаи шавҳар қадам ниҳоданаш хусуру хушдоманашро дар ҷояш шинонд. “Ман бо падару модари ту зиндагӣ намекунам” гӯён, ҷони ҷавонро ба лабаш мерасонд арӯси пурноз. Санҷар тоби бардоштани нозу бозори духтари вазирро надошт, вале волидонаш ба хотири вайрон нашудани зиндагии ҷавонон хонаи алоҳида харида, зиндагии онҳоро ҷудо карданд. Марҷонаи эркатулфор дар хонаи нав ҳам одамвор зиндагӣ накарда, ҳар рӯз ягон қилиқи нав мебаровард. Шавҳарашро ягон зарра писанд намекард, куҷое хоҳад, мерафт, чи коре, ки дилаш хоҳад, мекард. Шабҳо ба хона масту аласт омадани занаш билохира ба дили Санҷар зад ва як шом хонумашро дар рӯ ба рӯяш шинонида гуфт:

-Марҷона, бас аст, зиндагии сагона! Аз ҳамин рӯз эътиборан дигар шароб нӯшидан ва шабу нимашаб ба хона омаданатро набинам! Ақлатро ба ҷояш мон, ману ту бояд соҳиби фарзанд шавем...

-Эй, вақ-вақи бача ба ман чӣ даркор?! Ман ҳоло ҷавонам, барои худам зиндагӣ кардан мехоҳам,-ҳозирҷавобӣ намуд духтари вазир.

Ҷавоби беақлонаи ҳамсараш охирин қатраи об ба косаи лабрези сабри ҷавон гашт ва худи ҳамон замон ҷавоби Марҷонаро доду костюмашро гирифта аз хона баромад. Хусури мансабдораш чандин бор занг зада, таҳдид карда бошад ҳам, Санҷар занашро набахшид.

Моиндар

Ғами бадбахтии писари ягона оқибат модари Санҷарро аз по афтонд ва ду ҳафта ҳам дард накашида занаки бечора аз олам гузашт. Падараш пас аз додани чили модараш зан гирифт, зани ҷавон. Моиндараш ҳамсоли Санҷар буд, аз ин хотир ҷавон хонаи падарро тарк гуфта, барои худаш хонаи зебои дуошёна сохт. Дӯстонаш маслиҳат медоданд, ки зудтар ягон бонуи зеборо ёфта, чароғи манзилашро равшан созад, вале дили Санҷар аз ҷинси зан монда буд. Акнун вай хонумҳоро танҳо чун бозича истифода бурда, тез-тез маъшуқаҳояшро иваз мекард, аммо фикри хонадоршавӣ надошт. Вохӯрии имрӯза бо арӯси харсавор, вале доною зираки деҳотӣ назари ин ҷавони сарватманди шаҳриро ба зан тамоман дигар кард.

Маслиҳати човандоз

Шабдиз савораи андешамандашро то дари ҳавлии соҳибаш расонида шиҳа кашид, яъне расидем. Савдои Санҷар бо Саиди човандоз пухт, вале марди рӯзгордида фаҳмид, ки харидори ҷавонаш боз ким-чӣ гуфтан мехоҳад. Санҷар пушти сарашро хорида-хорида ба Саид-амак вохӯрданашро бо соҳибҷамоли харсавор нақл кард. Саиди човандоз аз тасвири Санҷар фаҳмид, ки бо Соҳиба вохӯрдааст.

-Соҳибҷамоли дидаат Соҳиба ном дорад ва дар ҳамсоягии мо зиндагӣ мекунад, вале ту ҷавонмарди шаҳрӣ ҳастӣ ва шояд зану фарзанд ҳам дошта бошӣ. Ману падари Соҳиба як умр нону намакхӯр ҳастем, нашавад, ки...

-Ман ягон нияти бад надорам амак, агар волидони Соҳиба розӣ шаванд, бо риояи тамоми расму русум ӯро ба занӣ мегирам,- гапи човандозро бурид Санҷар ва ба мошинаш нишаст. Саид аз паси ҷавони олуфтаи ба доми ишқ афтида бо табассум нигариста, зери лаб пичиррос зад: “Беҳуда намегӯянд, ки зангиру аспгир девонаанд!”

Савдои бахт дар сари замин

Се рӯз пас ба кулбаи лоини сари замини Сафар-амак аз шаҳр бо мошини хориҷии қиматбаҳо хостгорон омаданд. Марди хушлибос бо оби чашм сарнавишти талхи писари ягонаашро нақл кард ва Сафар-амак хоҳиши хостгоронро пазируфт, вале шарт гузошт, ки пеш аз тӯй бояд бо домодшаванда суҳбат намояд. Рӯзи дигар Санҷар ба назди падари арӯси харсавораш омад. Ҳангоми дар лаби кати зери сада суҳбат кардан нишастани Санҷару Сафар-амак аз дур харсаворе намудор шуд, вале бо дидани мошини қиматбаҳои хориҷӣ роҳашро дигар кард. Дили Санҷар аз дидани ин манзара боғ-боғ шукуфт.

Шарму ҳаё-зевари беҳтарин

Санҷар барои арӯсаш ҷиҳози зебое оварда соҳибҷамоли деҳаро ҳамроҳи худ бурд. Вақте ки “ёр-ёр” гӯён, арӯсро аз хонаи падараш мебароварданд, дар навори хотири Санҷар тӯйи аввалаш зинда гашт. Он рӯз дасти арӯси нимурёнро гирифта аз шарм замин намекафид, ки Санҷар дарояд. Аз миён болои Марҷона, тахтапушти сиёҳи пур аз доғи рихинак, синаю гардан, хулоса ҳама «боигарӣ»-и арӯс ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Имрӯз бошад, дар зери сарандози зебои гулдӯзӣ ҳатто қаду қомати арӯсро дидан ғайри имкон буд. Санҷару Соҳибаро ба лимузини сафеди зебо савор карданду аз хонаи Саид-човандоз Шабдизи бахткушоро ба «Камаз» бор намуданд. Касе аз байни тамошобинон шӯхӣ кард:

-Эй мардум, мо чӣ бадӣ кардем, ки имрӯз ба сарамон омад, дар як рӯз ҳам аз соҳибҷамоли деҳаамон ва ҳам аз ифтихори қишлоқ Шабдиз ҷудо шудем-а! Ин Санҷар не, ханҷар будаст-ку!

-Ба Худододагон ситеза накун,-ҳозирҷавобӣ намуд марди дигар.

Зани хубу фармонбару порсо...

Бо омадани Соҳиба зиндагии Санҷар куллан тағир ёфт. Дигар вай он ҷавони духтарбозу бепарвофалак набуд. Дар куҷое, ки набошад, баробари фаромадани пардаи шом ба назди Соҳибаи соҳибҷамолаш мешитофт ва Худоро шукр мегуфт, ки чунин бахти баландро насибаш гардонидааст. Соҳиба дар солгарди тӯйяшон барои Санҷар шоҳписаре ҳадя намуда, сари шавҳарашро ба осмон расонд.

Худо кунад, ки чунин зиндагии афсонавӣ ҳар як духтари тоҷикро насиб гардад...

Анҷом!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД