Саъдӣ Ленаро дӯст медошт ва ӯро ба бародаронаш шинос кард. Додарони Саъдӣ аз иҷоранишинӣ халос шуда, дар хонаи янгаашон зиндагӣ мекарданд, аммо падару модараш аз зан гирифтани ӯ дарак надоштанд ва аз вай талаб мекарданд, ки ба хона баргашта, зан гирад...
Духтари тағояшро шавҳар доданд. Саъдӣ ба волидонаш гуфт, ки ҳар ду додарашро якҷоя хонадор мекунаду баъд худаш зан мегирад. Волидонаш диданд, ки гапашон ба писари қайсарашон намегузарад, ба шарташ розӣ шуданд. Саъдӣ қарор дод, ки Ленаро тӯй бурда, бо волидонаш шинос хоҳад кард…
Беаҳд
Онҳо туҳфаҳои зиёде харида, ба Тоҷикистон парвоз карданд, аммо модари Саъдӣ нагузошт, ки Лена пояшро аз дарвоза дарун гузорад. Зан гӯё ягон нафар шахси наздикаш мурда бошад, бо овози баланд нолаву фарёд мекард. Тӯй ба мотам мубаддал гашт. Бечора Лена намедонист, чӣ кор кунад, ҳеҷ ин гуна пешвозро интизор набуд. Шавҳараш ӯро ба пойтахт, ки аз ноҳияи онҳо он қадар дур набуд, бурда, дар як меҳмонхона ҷо карду рафта, тӯйи додаронашро гузаронида омад ва барои Лена хонаи иҷора гирифта дод. Акнун як пояш дар ноҳия буду як пояш дар шаҳр. Хушбахтона ё бадбахтона, дар Тоҷикистон дар қадди Лена кӯдак зад. Ҳомиладории ӯ хеле вазнин мегузашт, мудом бемор буд. Саъдӣ «баъзе корҳо мондаанд» гӯён ба Русия парвоз карду ба Лена каме маблағ монда, гуфт, ки як моҳ пас меояд. Аммо сафараш тӯл кашид, аз ӯ на пай буду на ҳайдар, ҳатто занг намезад. Бечора Лена тифлакашро бо мадади як ҳамсояаш, ки ин ҷо дугона шуда буду дар дармонгоҳе ҳамшираи шафқат буд, ба дунё оварда, гӯшвораю ангуштарин, гарданбандашро фурӯхта, чипта харида, кӯдаки навзод дар дасташ ба Русия парвоз кард, зеро муҳлати хонаи иҷорааш ҳам ба охир расида буд.
Аз Тоҷикистон бо як либоси тунук рафта буд. Моҳи ноябр буду дар Маскав барфи тар меборид ва ҳаво бениҳоят хунук буд. Ҷавонзан бо азоб то хонааш расид. Кӯдакаш ғаш мекард, аммо дари ҳавлиро ба рӯяш одамони бегона кушода, гуфтанд, ки ду моҳ пеш ҳавлиро харидаанд. Ҳуши Лена аз шунидани ин хабар рафт. Чун ба худ омад, болои сараш марду зани ҳайрони арманиро дид. Марду зан ду рӯз ӯро нигоҳубин карданд ва аз онҳо фаҳмид, ки Саъдӣ ҳавлиро фурӯхтааст. Рӯзи сеюм ӯ ба квартирааш рафт. Он ҷо чанд нафар бачаҳои тоҷик зиндагӣ мекарданду гуфтанд:
– Мо пули ин моҳро додаему ҳеҷ куҷо намеравем.
Лена рост ба ятимхонае рафт, ки он ҷо ба воя расида буд. Он ҷо ҳолаташро фаҳмиданд ва бо кӯмаки директори хонаи бачаҳо иҷоранишинҳоро аз хонааш бароварда, нафаси осуда кашид. Хонаи бетартибу чиркинро бо ёрии дӯстони айёми ятимиҳояш тоза карду зиндагиро аз сифр оғоз намуд. Ҳуҷҷатҳои духтаракашро тахт намуду акнун танҳо бо ёрдампулии Нисо зиндагияшон пеш мерафт. Ӯ духтарашро ба хотири ҳамон дугонаи тоҷикаш, ки дар ғарибию бекасӣ дастгираш буд, Нисо монд. Лена Саъдиро дар дили худ гуронд, бовараш аз одаму олам монд, дигар ба суроғаш ҳам нарафт, маслиҳати дӯстонашро барои мубориза барои гирифтани ҳавлии модаркалонаш рад кард. Дигар асабҳояш мадори суду судбозӣ надоштанд ва намехост чеҳраи манфури Саъдиро бинад, аммо ӯ пайдо шуд.
Фиреби навбатӣ
Худашро пеши пойи Лена партофта, узр пурсид. Гуфт, ки ба балои қарз задам ва маҷбур шудам ҳавлиятро фурӯшам....
(Давом дорад)