Арӯси ғариб
Дар кӯчаҳои орзу
Саъдӣ баъд аз хатми мактаб роҳ гирифт ба сӯйи Русия, назди писарони тағояш, зеро ӯ писари калонии хонадоне буд, ки онҷо баъди ӯ нӯҳ нафари дигар ба воя расида истода буданд. Падараш писари ягонаи волидайнаш буду бибию бобояш як донаи мо сад дона шавад гӯён, ҳар як набераи ба дунё омадаашонро доди Худованди бузург гуфта, болои чашм мегардонданд. Ризқи кӯдак ҳамроҳи худаш ба дунё меояд, ақида доштанд пиру кампир, гоҳе падараш мегуфт, ки “очаҷон, ба гапи шумо гӯш дода, ин қадар кӯдакро ба дунё овардему акнун наметавонем барояшон зиндагии хуб фароҳам орем, убол аст. Аммо бибияш дар андешаи худ устувор буд:
-Ношукрӣ накун, ана Саъдиҷон ҳамқади худат шудааст, Худо хоҳад, фардо баробарат аробаи зиндагиро мекашад, додараконаш ҳам калон мешаванд. Дар ин хонаводаи бузург ҳашт писару ду духтар тарбия меёфтанд, ҳарчанд падару модараш ҳамроҳи додаракону хоҳараконаш дар замину боғу роғ меҷунбиданд, чорводорӣ мекарданд, аммо зиндагияшон ба зӯр мегузашт. Падараш зиёд мехост Саъдӣ хонда, соҳиби ягон касб шавад, аммо ҷавонмард рӯ ба муҳоҷират овард.
Писарони тағояш дар сохтмон кор мекарданд, Саъдӣ низ ба онҳо ҳамроҳ шуду оҳиста-оҳиста коро ёд гирифт ва ба падараш ҳар моҳ пули хуб мефиристод. Модараш пули писари ғарибашро барои тӯяш гуфта ҷамъ мекард, аммо Саъдӣ фикри баргаштану хонадор шуданро надошт. Мехост аввал лабу лунҷи хонаашонро соз карда, барои худ замин харида, баъд хонадор шавад. Ду додари дигараш низ Маскав омаданду акнун мушкили падараш хеле осон шуд, хонаҳои кӯҳнаро афтонда, хонаҳои нав бунёд карданд. Барои Саъдӣ ва додараш қитъаҳои замин харидорӣ карданд, духтари тағояшро ба Саъдӣ таги чашм карда, маътали омаданаш буданд, аммо зиндагӣ гардиши дигар доштааст.
Ишқи Лена
Як рӯз Саъдӣ ба тамошои шаҳр баромаду чашмаш ба духтари қоматбаланди зардинае афтод, ки халтаҳои пурборро ба зӯр бардошта, ба назди автобус меравад, қади ниҳоли духтарак зери бори гарон хам шуда буд. Саъдӣ давида рафта, ба вай ёрӣ расонду ҳамроҳаш ба автобус нишаст. Духтарак худро Лена муариффӣ намуда, ба ҷавони қоматбаланди абрӯсиёҳ ташаккур гуфт. Онҳо сӯҳбаткунон ба яке аз деҳаҳои наздики атрофи Маскав расиданд, Лена чун фаҳмид, ки ҷавон танҳо ба хотири ӯ ба автобус нишастааст, ҳайрон шуд ва ӯро ба як пиёла чой даъват кард. Ҳавличаи зебо, вале бетартиб Саъдиро ба ҳайрат овард, Лена инро аз нигоҳи ҳамсафараш хонда гуфт:
- Падару модари ман аз касофати майхорагӣ оламро падруд гуфтаанд, ман ба тарбияи бибии модариям мондам, вале ӯро ғами духтари ягонааш аз пой афтонду ман ба хонаи бачаҳо афтидам. Баъди хонаи бачаҳо ба техникуми дӯзандагӣ дохил шуда, онро хатм намудам, акнун дар як фабрикаи дӯзандагӣ кор мекунам. Ин ҳавлича аз модаркалонам ба ман мерос мондааст, қарор додам, ки онро таъмир карда, аз хобгоҳ ин ҷо мекӯчам. Аз тарафи давлат ҳамчун ятим бароям квартира ҳам ҷудо кардаанд, ки ба қарибӣ ҳуҷҷатҳояш тахт мешаванду онро соҳиб мешавам.
Саъдӣ бо Лена чой нӯшид ва ваъда дод, ки рӯзи истироҳатӣ омада, ба вай дар таъмири хона ёрӣ медиҳад, усто нагирад. Духтар хурсандона розӣ шуд, албатта ба хотираш гапҳои мардум расид, ки дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ мегуфтанд, аммо дар чашмони ҷавон фиребу макр набуд, самимӣ буданд ҳарфҳояш.
Акнун Саъдӣ рӯзҳои истироҳатияшро дар ҳавлии Лена мегузаронд, онҳо дукаса дар як муддати кӯтоҳ ҳавличаро таъмир намуданд, ки хеле зебо шуд.
Дӯстии Саъдӣ бо Лена ба ишқу муҳаббат табдил ёфту онҳо бе оростани маъракаю маҳфиле зану шавҳар шуданд. Баъди ду соли зиндагӣ бо зани русаш Саъдӣ шаҳрвандии ин кишвари бузургро ба даст овард, ӯ акнун дар ҳавлии занаш ба қайд гирифта шуда буд. Саъдӣ Ленаро дӯст медошт ва ӯро ба бародаронаш шинос кард, акнун додарони Саъдӣ аз балои иҷоранишинӣ халос шуда, дар хонаи янгаашон зиндагӣ мекарданд. Падару модараш аз зан гирифтани писарашон дарак надоштанд ва аз вай талаб мекарданд, ки ба хона баргашта, зан гирад. Духтари тағояшро ба шавҳар доданд, Саъдӣ ба волидонаш гуфт, ки ҳар ду додарашро якҷоя хонадор мекунаду баъд худаш зан мегирад. Волидонаш диданд, ки гапашон ба писари қайсарашон намегузарад, ба шарташ розӣ шуданд. Саъдӣ қарор дод, ки Ленаро ба тӯй бурда, бо волидонаш шинос хоҳад кард…
Давом дорад