Arzon march 2024
АРӮСИ ҲАФТРӮЗА(ҚИСМИ 4)
8210

Давомаш ...

Падари духтар омад. Рӯзи дигар хостгорҳо низ аз дар даромаданд. Баъди гирифтани розигии падари духтар ба ҷавонон фотиҳа доданд.

Баъди рафтани меҳмонҳо Нигина ба рӯи ҳавлӣ баромад. Он ҷо Ихтиёр мошин мешуст. Падараш аз даруни хона овоз бароварда, “Нигина, тезтар шав, бо акаат ба як ҷо меравӣ” гуфт. Нигина ҳайрон монд ва барои либосивазкунӣ бозпас ба хона даромад.

- Ба “Нур” рафта биёед, - гуфт ӯ ба Ихтиёр.

- Хуб, мебарам, лекин он ба духтар зарар дорад, - ҳайратомез гуфт Ихтиёр.

- Ҳеҷ гп не! Муҳим тӯй тинҷ гузарад, - ҷавоб дод амаки Абдувоҳид.

- Ҳамин ҳафта туй мекунем? – пурсид Ихтиёр.

- Бале, баъди 3 рӯз. Маслиҳат аллакай пухт. Тезтар равед, - гуфт Абдувоҳид ва сарашро аз тиреза даровард.

Бакорати барқароршуда

Нигина роҳравон гапҳои падарашу Ихтиёрро фикр мекард. Вақте, мошин ба назди сой расид, Нигина беихтиёр ҳамон шабро ба хотир овард, зеро ҳодиса дар ҳамин ҷо сар зада буд. Мошин ба назди маркази саломатие расида истод. Ихтиёр ба дарун даромада, бо касе тӯлонӣ суҳбат кард. Нигина ӯро дар мошин интизор буд. Баъд ҳамшира омада, духтарро ба дарун даъват кард.

Баъди чанд соат ӯро ба утоқи ҷарроҳӣ бурданд ва дигар чизеро ба ёд надошт. Вақте ба худ омад, дар палатае танҳо мехобид. Бегоҳӣ ӯро ба хона ҷавоб доданд. Ихтиёр ӯро гирифта овард.

Дидор пеш аз тӯй

Аҳли хонавода дар тараддуди тӯй буданд. Меҳмонҳоро хабар карданд, дегу коса бароварданд. Тайёрӣ нағз мерафт. Нигина барои ороиш додани худ ба толори пардозгарӣ рафт. Ӯ бо ҳамин мақсад аз хона баромад. Баъди чанд қадам роҳ рафтан мошини бадҳайбате дар пешаш истод. Овози шинос ба гӯш расид.

- Шинохти? – пурсид соҳиби овоз.

- Киро шинохтанам даркор? – ҷавоб дод духтар.

- Маро, - бо зарда гуфт соҳиби овоз.

- Бо ман ин хел гап назан, - дод зад Нигина.

- Ба мошин шин, ба яхмосхӯрӣ меравем, - таклиф кард бача.

- Вақт надорам, - кӯтоҳ ҷавоб дод Нигина ва хост роҳашро давом диҳад.

- Шин гуфтам, шин ба мошин! Гап дорам ба ту. Хеле муҳим аст, - гуфт бача ва дари пешро кушод.

Ин Раҳим буд. Нигина вақте ба чеҳраи ӯ нигарист, нафраташ омад ва дарро сахт тела дода, ба ақиб гашт. Раҳим бошад, духтарро чанд ҳақорати болохонадор карду аз мошин фаромад.

Нигина роҳравон ба ёд овард, ки ӯро якум бор дар мактаб дида буд. Дар пешаш чанд олуфтасатанг ва духтарони сабуктабиати мактаб тоб мехӯрданд. Ҷӯраҳои бой дошт ва касеро мехост мезаду ҳақорат мекард. Барои ӯ дар дунё ғайри худаш дигаре вуҷуд надошт.

Нигина ба хона даромаду дарро аз пушташ сахт пӯшид. Раҳим ноумед шуда, баргашт. Духтар аз сӯрохӣ дид, ки бача рафт, дигарбора ба берун баромад, зеро либосҳои арӯсиашро дӯзондан даркор буд. Ӯ рост ба пеши дӯзанда рафт.

Ӯ дар бевақтии шаб ба хона баргашт. Дар хона касе набуд. Аз ҳамсоя дар куҷо будани аҳли оилаашро пурсид. Занак парешон буду саросема ҷавоб дод: “Зани Ихтиёр аз олам гузашт. Ба ҳамон ҷо рафтанд”. Дар пеши чашми Нигина зани беморнамои меҳрубоне намудор шуд, ки ҳамон шаби тира дмодарвор дастгириаш карда буд. Барои янгааш, ки зани дуюми акааш буд, афсӯс хӯрду ба хона даромад.

Тӯй баъди мотам

Ба мотами хонаводааш нигоҳ накарда, рӯзи дигар аз хоаи амаки Абдувоҳид садои “Барор, барор хушрура, Хушруи серабрӯра” баланд шуд. Арӯсу домодро аз хона бароварданд. Меҳмонҳо ба арӯсу домод аҷиб – аҷиб менигаристанд. Нигина дар либоси арӯсӣ монанди маликаҳои афсонавӣ зебо шуда буд. Раҳим ҳам домоди ҳақиқиро мемонд, аммо ҳарду ба назари ҳозирин ҷуфти номуносиб буданд.

Тарабхонаи “Висол” аз тантанаи тӯйи онҳо ба ларза омад. Одамон мерақсиданду шодӣ мекарданд. Аммо Нигина ҳеҷ парвое надошт.

- Тӯй як бор мешавад. Қавоқатро кушода шин, Нигина, - гуфт Раҳим ба бехи гӯши заншавандааш. Нигина ҳам оҳиста “майлаш” гуфт. Вале аз тарс меларзид “Агар дар таги чодар ҳамааш аён шавад, - чӣ? шаби аввалам чӣ хел мегузарад? Раҳим фаҳмад, ман чӣ кор мекунам?” мепурсид ӯ аз худ.

Шаби якум

Тӯй то як поси шаб давом кард. ”Лимузин” арӯсу домодро ба хонаашон бурда монд. Холааш баъди партофтани рахти хоб онҳоро танҳо гузошт. Дӯзахи Нигина сар шуд.

- Ку аз ҷоят хез, - дод зад Раҳим. - Аскар гуфтанӣ бачаро мешиносӣ? Фақат росташро гӯй! Мешиносӣ?, - пурсид домод.

Нигина дар аввал сархаму хомӯш меистод, вале домод як саволро чанд бор такрор кард.

- Кадом Аскар? Ин хел одамро намешиносам! Маст шуда мондед, - чӣ, Раҳимҷон?, - бо ноз пурсид духтар.

- Чӣ хел намешиносӣ? – боз такрор кард ӯ.

- Намешиносам гуфтам – ку? Барои чӣ намефаҳмед? - гиря кард Нигина. - Илтимос бас кунед.

- Ӯ маро фиреб кард, пас? Ту мегирифтагӣ духтар хеши дурам мешавад гуфта буд. Ту аз ростӣ ӯро намешиносӣ, - боз пурсид Раҳим.

- Дар байни хешу таборамон Аскар гуфтанӣ бача нест. Касе набошад ҳам, шуморо фиреб кардааст, - гуфт Нигина.

- Фаҳмо... – гуфт Раҳим ва ба мобайни хона рафта, ба шифт нигоҳ карду “акнун аз куҷо ёбам? Тамоми баданам ларзида истодааст” гуфт ва зонуҳояшро оғӯш карда, ба таги девор рафта, нишаст.

- Ту раву хоб кун, - гуфт Раҳим ба арӯсаш.

Ӯ ба шавҳараш нигоҳ карда монд. Дар мобайн қолини эронӣ, дар боло қандили тиллоранг, дар банди доирашакл даҳҳо навъ либосҳои мардонаи қимматбаҳо. Духтар фикр мекард, ки онҳо ба ҳолаш механданд.

Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ шаб соати 21:00 мутолиа намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД