Sebiston new 2024 october
Арӯсам маъшуқаи падарам баромад
04.04.2020
Р. Азимӣ
4944

 

Пеш аз он, ки ин мактубро дар сомонаи “Оила” нашр кунам, аз тамоми хонандагонаш пешакӣ узр мепурсам. Мактуб ба он хотир рӯи экрани телефонам навишта шуд, ки духтарони бендеша обрӯи хешро нарезонда, номуси худро андеша намоянд ва илоҷи воқеаро пеш аз вуқуъ андешанд.

Дугонаам С. бо дӯстдоштааш Насибулло ҳамхоба шуд. Духтари содда гумон кардааст, ки ёри бевафояш ӯро то охир танҳо нагузошта, ба занӣ мегирад, вале...

Баъди ин ҳодиса байни дугонаам ва Насибулло ҷангу ҷанҷол сар задааст. Ҷавон аз тарси судбозӣ дар байн нопадид шуда, роҳ ҷониби Русия мегирад ва дугонаам танҳо мемонад. Азбаски дугонаам аз волидонаш сахт метарсид, чӣ кор карданашро надониста, ҳама дарди дилашро ба ман қисса карда, зор- зор мегирист ва барои кӯмак кардан аз ман ёрӣ металабид. Ман, ки дасткӯтоҳ будам, ба ӯ кӯмак карда наметавонистам. Чун ӯ духтари чор кас медидагӣ буд, хонаашон хостгорборон шуд, дугонаам аз тарси шармандагӣ ба ноҳия рафта, бо як духтур, ки мард будааст, дар ин бора суҳбат мекунад. Духтур бо муштарияш, ки барои барқарор кардани бокирагияш омадаасту чеҳраи дилкаш дорад, “раҳмаш омада”, пешниҳод кардааст, ки бо ӯ як маротиба ҳамхоба шавад, бокирагияшро бе музд барқарор карда медиҳад. Духтарак барои аз шармандагӣ эмин мондан, ба пешниҳоди духтури ғар розӣ мешавад. Ҳамин, ки бокирагияшро барқарор кард, аз паси омодагии тӯйи арӯсияш шуд. Дар деҳа пас аз баргаштани С. миш-мишҳо зиёд шуданд, вале дертар ҳақиқат рӯи об баромад. Он духтури ғар дар рӯзи тӯй баробари боло кардани чодар мебинад, ки он муштарии номусбохтааш арӯсшавандаи писараш будааст ва худи ҳамон рӯз духтур ба сактаи қалб гирифтор шуда, дар беморхона аз писараш талаб кардааст, ки талоқи занашро диҳад ва баъди фаҳмидани асли воқеа, домод талоқи дугонаам С-ро дода, бо кӯчу бандаш оварда, дар хонаашон мондааст.
Аз рӯзе, ки ин ҳодисаро шунидам, ба худ омада наметавонам ва ҳазорон маротиба ба он духтур ва дугонаи соддаам нафрин мехонам. Аз шумо хонандагони азиз, хусусан духтарон хоҳишам ин аст, ки барои нуфузи духтари тоҷик буданатон бояд андеша намоед ва нагузоред, ки шаъну шарафи шуморо дигарон ба хоки сиёҳ яксон намоянд.
М, н. Рӯдакӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД