Formula novemver 2024
Арӯсак ба хотири шавҳар донишгоҳро партофт, вале...
2295

 

Оиша Абдуалимова сокини шаҳри Норак буда, дар мотами фарзанд ҷигархуну сияҳпӯш аст. Духтараш Умеда даст ба худкушӣ зада, дар дили волидон доғи абадӣ гузоштааст.
Умеда се сол қабл бо Зиёдулло Абдуллоев ном ҷавон, ки аслан аз шаҳри Турсунзода будааст, дар Русия оиладор мешавад. Ин ҷуфти ҷавону зебо муддати ду сол дур аз хешу табор сар ба як болин монда, хушбахту масрур будаанд, вале ба гуфти пайвандонаш баъди ба хонаи хушдоманаш баргаштан, моҳи марти соли гузашта Умеда даст ба худкушӣ задааст.
“Пас аз як соли хонадорӣ муносибати домод тағйир ёфт. Духтарамро ба назди волидонаш ба Тоҷикистон фиристод. Рӯзгори Умеда баъд аз расидан ба хонаи хушдоман бад шуд”-гуфтааст Оиша Абдуалимова, модари марҳум.
Аз рӯйи гуфтаи модараш Умеда бо квотаи президентӣ дар Донишгоҳи миллӣ таҳсил мекардааст, вале рухсатии академикӣ гирифта ба Русия меравад ва он ҷо бахти худро пайдо карда, бо домод вомехӯрад. Ҳарчанд ба хотири зиндагии оилавӣ Умеда аз баҳри донишгоҳ гузашта бошад ҳам, ба гуфти модараш, ин издивоҷ ба ӯ хушбахтӣ наовардааст.
“Хушдоманаш духтарамро чун арӯси оила қабул надошт. Ҷангу ҷанҷол дар хонаашон сар шуд. Занг заданд, ки духтарро баред”-менависад Радоии Озодӣ аз қавли модари Умедаи ноком.
Аммо Зиёдулло Абдуллоев, шавҳари Умеда, иддаои пайвандони ӯро рад карда, гуфтааст, аслан вай бо ҳамсараш ҳеч мушкил надошт, баръакс, модари занаш ба зиндагии онҳо мудом дахолат мекард.
“Зери фишори модар буд ва бояд аз ду якеро интихоб мекард: модар ё шавҳар. Модараш мегуфт, муҳим, ки бо обрӯ шавҳар кардӣ, ҷудо шав, даркор нест. Фақат мегуфт, ки ҷудо шав. Дар асл мушкил надоштем,” -- нақл кардааст Зиёдулло.
Як манбаъ дар Додситонии шаҳри Норак бе зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар робита ба ин қазия парванда боз шудааст ва “ҳодиса бар асоси моддаи 109 (ба худкушӣ расондан) таҳқиқ мешавад”, вале “фурсат лозим аст, то таҳқиқ ба анҷом расад ва маълум гардад, ки сабаби худкушӣ чӣ будааст.”
Пайвандони Умеда Абдуалимова эътироз доранд, ки мақомот таҳқиқи қазияи ӯро кашол медиҳанд.
Ф. Сатторӣ
Манбаъ: Радиои Озодӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД