arzon replenishment
Арӯсӣ кардан дар байни ду ид равост?
1082

 

Қабл аз моҳи шарифи Рамазон ман бо духтаре, ки дӯст медоштам, фотеҳа шудем. Гапзанон шуда буд, баъди ид тӯй шавем. Вале бибии духтар гуфтааст, ки дар мобайни ду ид тӯй кардан мумкин нест. Акнун мехоҳанд тӯйи моро баъди иди Қурбон гузаронанд. Ҳол он ки барои тӯй мо омода ҳастем.

ШАМСИДДИН, ш. Панҷакент

Посух:

- Ин хурофот аст. Ба чунин ҳарф бовар накунед. Маълум нест, ки дар байни мардуми мо бехосият будани никоҳи миёни идайн аз куҷо пайдо шуда бошад, баръакс, никоҳи байни ду ид хуб аст. Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) бо модаралмуъминин Оишаи сиддиқа (р) дар байни ду ид хонадор шудаанд.

Бинобар ин, бародари азиз, шумо баҳузур баъди ид тӯятонро баргузор кунед. Мо барои хушбахтии шумо дуо мекунем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД