Arzon march 2024
АРӮС ДАР ТАГИ ЧОДАР ЗОИД (ҚИСМИ 3)
7864

(ИДОМААШ)

Пулҳои қисматсӯз

Ашки чашмонамро поккунон ба рӯзе, ки бо Зуляи маккора во хӯрдам, ҳазорон бор лаънат хондам ва меҳмони пулмасти девсурати қисматсӯзро дашномҳои болохонадор дода, ба ҳаммом даромадам. Кранро кушода танамро зери шаршараи об доштам ва то тамом шудани оби термекс гиря кардам. Ба назарам чунин мерасид, ки на оби гарм, на собуну шампунҳои қимматбаҳо ва на оби чашму хуни дилам наметавонанд ифлосиеро, ки имрӯз ба танам часпид, бишӯянд. Ба назари худам чунон бадбӯю касиф менамудам, ки гӯё дар ботлоқ ё ҳоҷатхона афтида бошам. Пас аз шустушӯйи бо оби чашм омехта либосҳоямро пӯшидам ва долларҳои ҳамчун «мукофот» ба ман бахшидаи девсуратро ба киса зада, бо дили хунчакон аз он касофатхона баромадам.

Базӯр пайкари афсурдаамро аз бистар бардоштам. Чашмам ба коғази дар рӯйи тумбочкаи дар назди рахти хоб гузошташуда истода афтид. Хилъатро ба китфам гирифта аз кат фаромадам ва коғазро бардоштам. Девсурат нома ва дар дохилаш пул монда рафтааст. «Раҳмат, ки худатро барои ман эҳтиёт кардаӣ. Шикастани мӯҳри хазинаат бисёр душвор, вале ширини ширин буд. Оғӯши гармат маро даҳ сол ҷавонтар кард. Худатро эҳтиёт карда гард, ман боз меоям» навишта шуда буд дар коғаз ва дар дарунаш панҷ саддоллара мехобид. Ашки чашмонамро поккунон ба рӯзе, ки бо Зуляи маккора во хӯрдам, ҳазорон бор лаънат хондам ва меҳмони пулмасти девсурати қисматсӯзро дашномҳои болохонадор дода, ба ҳаммом даромадам. Кранро кушода танамро зери шаршараи об доштам ва то тамом шудани оби термекс гиря кардам. Ба назарам чунин мерасид, ки на оби гарм, на собуну шампунҳои қимматбаҳо ва на оби чашму хуни дилам наметавонанд ифлосиеро, ки имрӯз ба танам часпид, бишӯянд. Ба назари худам чунон бадбӯю касиф менамудам, ки гӯё дар ботлоқ ё ҳоҷатхона афтида бошам. Пас аз шустушӯйи бо оби чашм омехта либосҳоямро пӯшидам ва долларҳои ҳамчун «мукофот» ба ман бахшидаи девсуратро ба кисса зада, бо дили хунчакон аз он касофатхона баромадам.

Ғам дар дилу…

Ба хонаамон чӣ хел расидам, ёд надорам. Хайрият, ки дар хона касе набуд, вагарна ранги заъфарону ҳоли зорамро дида, талхакаф мешуданд. Худамро болои кӯрпача партофта, зор-зор гиристам ва то фаромадани пардаи торикӣ бо Худованд мунозира намудам, ки барои кадом гуноҳам маро ба чунин доми бало гирифтор намуд, вале аз афташ гӯши Худо ҳам нолаву зориҳои маро намешунид.

 

Дурӯғи маслиҳатомез, беҳ аз рости фитнаангез

Аз шиддати гиряву нола хобам бурда мондааст, як вақт дасти шахшӯле ба китфам расида маро такон дод. Чашм кушода модарамро дар болои сарам дидам. «Барои чӣ дар рӯйи як қабат кӯрпача хобидаӣ? Чашмонат варам кардагӣ барин метобанд, магар гиря кардӣ? Чаро рангу рӯят заъфаронӣ менамояд? Мабодо касал набошӣ?» саволборон намуд модар. Аз ифшо намудани ҳақиқати талхи ба сарам омада тарсида, дурӯғ гуфтам, ки дар хонаи Зуля гилем шуста, хаста шудам, бар замми ин, гурдаҳоям дард карда истодаанд. Бечора модарам дилсӯзона бароям ҷогаҳ андохта, маро хобонданд ва дарҳол наботчою дами гарм оварданд, вале аз гулӯи мани номусбохтаи кулбори ғам дар дил чизе намегузашт. Аз пурсуҷӯҳои модарам ҳаросида худро ба хоб задам, то дигар бо саволу кунҷкобиаш ба захми хунчакони дилам намак напошад, вале то саҳар мижжа таҳ карда натавонистам.

Бо гардани баста…

Субҳ тибқи одат модарам маро барвақт аз хоб бедор намуданд, то наҳорӣ карда, ба кор равам. Гуфтам, ки аз гулӯям чизе намегузарад.

-Бачаҷон, танбалӣ накарда тезтар бархезу ширчоята хӯрда ба кор рав,-таъкид карданд модарам.

-Ба кор намеравам,-гуфта дубора сарамро ба болин ниҳодам.

Модарам сабаб пурсиданд. Гуфтам, ки фаррошӣ ба дилам задаст ва дигар ба кор рафтан намехоҳам. «Дар вақташ намондед, ки хонда одам шавам, то кай ман таги пойи дигаронро тоза мекунам», гӯён, гиристам. Гумон доштам, ки модарам кор кардан нахоҳӣ, ихтиёрат мегӯянд, вале хаёлам хом баромад, баръакс «Ду сум пуле, ки мегирӣ барои арӯсият даркор мешавад. Ақаллан се-чор куртаи навбаромад мехарӣ» гӯён, модарам ба ҷону ҳолам намонданд. Дар дилам ба чунин зиндагии сагвор ва қашшоқона ҳазорон бор лаънат хонда, ночор бо гардани баста аз хона баромадам ва дили нохоҳам ҷониби корхона равон шудам. Сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳои ман ана ҳамин қобилию гапдароиям гашт, агар гапи модарамро нагирифта, дубора пою қадамамро ба он даргоҳ намемондам, шояд кор ба чунин расвоӣ намекашид, вале афсӯс…

 

Таҳдиди беваи далла

Тарсидаю ларзида ба корхона рафтам. Хушбахтона беваи Зуля наменамуд. Худоро шукр гуфта, тез-тез корамро ба сомон расонда ба хона баргаштам. Қариб як ҳафта апахонди қисматсӯзам ба кор наомад. Аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам, ки беваи Зуля аз кор рафтааст ва дигар афту башараи хунукашро намебинам, вале ҳафтаи дуюм вай боз балои аз осмон фаромадагӣ барин дар сари роҳам пайдо шуд. Баробари Зуляи маккори худозадаро дидан ҷонҳавл гурехтам. Беваи далла аз пасам тохта маро дастгир кард ва аз банди дастам маҳкам дошта, бо табассуми истеҳзоомез пурсид:

-Домод ба ту маъқул шуд? Дар ин бора ба касе чизе нагуфтӣ, арӯс?

Суханони масхараомезаш болои захми хунчакони дилам намак пошиданд ва бо нафрат рӯямро аз ӯ гардонда гуфтам, ки дигар ба чашмам натобад.

-Э ҳей, нозу нузашро бинед! 500 доллара гирифта бой шудӣ, ки дигар назарат моро намегирад, арӯсхонум?! Дониста бош, ки обрӯю тақдири ту дар дасти ман аст, агар аз гапам бароӣ, бева шуданатро ба ҳама мегӯям. Тамоми сирру асроратро дар назди ҳаққу ҳамсояҳоятон фош карда, чунон беобрӯят мекунам, ки дигар ягон саг туро ба занӣ намегирад,-таҳдид кард беваи Зуля.

Медонистам, ки ин занаки худобехабар аз ягон пастӣ рӯй наметобад, пеши пояш афтида илтиҷо намудам, ки ин сирри нангинро фош насозад. Зуляи касофат гуфт, ки танҳо ба шарти минбаъд аз гапаш набаромадани ман ин сирро дар даруни дилаш «мегӯронад» ва таъкид кард, ки роҳи осонтарини пулкоркунӣ ҳамин аст, духтарҳо бо ҳамин восита соҳиби хонаю дару зару зевар мешаванд. Гуфтам, ки ба ман боигарӣ даркор нест, одам барин поку ҳалол зистан ва аз ин дунё ҳалол рафтан мехоҳам.

-Эҳ духтари беақл, пул бошад, биҳиштро дар ҳамин дунё месозӣ,-Зуля инро гуфта даст афшонду рафт.

(ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-ОО ИНТИЗОР БОШЕД)



Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД