Мегӯянд, ки агар зани бероҳаеро аз роҳи бад гардонда, ба ҳаёти солим ҳидоят намоӣ, савоби зиёд мегирӣ. Вале ман дар зиндагии шахсии худамон дидам, ки фоҳиша ба море шабоҳат дорад.
Чун онро дар остин мегузорӣ, ки гарм шавад, бар ивази некият ба ту заҳр мезанад. Барои исботи ин гуфтаҳо қиссаи бадномшавии хонадони хушбахту соҳибобрӯямонро аз дасти як фоҳиша рӯйи коғаз оварда, пешниҳоди хонандагони азизи «Оила» месозам, то худ хонда, қазоват кунанд.
Мо дар деҳаи кӯҳистони зебоманзаре зиндагӣ мекунем, падару модарам се писару се духтарро бо меҳнати ҳалол ба воя расонидаанд. Апаҳоямро оилаҳои хубе хостгор шуданду онҳоро бо тӯю тамошо ба зиндагии мустақил гусел намудем. Падарам ронандаи оддӣ бошад ҳам, кӯшиши зиёд намуда, акаҳоямро маълумоти олӣ дод, онҳо дипломи мактаби олӣ дошта бошанд ҳам, ба тиҷорат сару кор гирифта, муваффақ низ шуданд. Ман духтари кенҷагии оила донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар ҳастам. Зиндагӣ дар оилаи мо мисли дигар оилаҳои мардуми тоҷик ҷараён дошт, азбаски ҳамеша дар хизмати мардум будему дилеро намеозурдем ва байни ҳам моҷаро намекардем, моро дар деҳа оилаи намунавӣ ном мебурданд. Падару модарам ҳарду хонаи Худоро зиёрат намуда, ҳамеша дастурхони кушода ва дасти пурсаховат доранд.
Бародарони калониям аз ҳамдигар як сол фарқ доранд, онҳо он қадар ба ҳам монанданд, ки шахсони ношинос дугоникашон мепиндоранд. Падару модарам маслиҳат намуданд, ки акаҳоямро баробар хонадор мекунанду яку якбора ду келин мефароранд, аммо холаам «дар як рӯз ду келин фаровардан хосияти хуб надорад» гӯён, волидонамро маҷбур намуд, то тӯйи акаи хурдиямро як ҳафта баъд баргузор намоянд. Ба бахти мо ҳарду янгаам келинҳои хуб баромаданд ва дар як муддати кӯтоҳ бароямон одами худӣ шуда монданд. Келинҳо бо ҳам мисли хоҳар меҳрубон буданду бо ҳазлу шухӣ кору бори хонаро карда, меҳмон пешвоз гирифта, гусел мекарданд. Ҳама хешу ақрабо ҳаваси зиндагии ширини моро мехӯрданд. Бо гузаштани ду сол акаҳоям фарзанддор шуданду волидонам маслиҳат намуда, барои акаи хурдиям дар поёни боғамон ҳавлӣ сохта, рӯзгорашро ҷудо намуданд. Акнун навбати зангирии бародари хурдиям, Аҳадҷон расид, ки дар маркази ноҳия ду мағозаи хӯрокворӣ ва дар пойтахт хонаи сеҳуҷрагӣ дошт. Бародаронам мехостанд, ки Аҳад баъди оиладор шудан муқими пойтахт шавад, зеро барои овардани бору ҳалли тиҷораташон зуд-зуд ба Душанбе мерафтанду он ҷо низ манзили гарму нарме лозим буд. Модарам духтараки ҳамдеҳаамонро таги чашм намуда, ният доштанд, ки ба хостгорӣ мераванд, аммо…
Аҳадҷон ба пойтахт барои бор омаду як моҳ ҳамин ҷо монд, мани донишҷӯ, ки дар хонаи ӯ зиндагӣ мекардам, аз шабҳо хеле дер ба хона омадани акаам пай мебурдам, ки ӯ ин ҷо арӯс дорад. Ва гумонам рост баромад… Як нимашабӣ акаам бо духтараке ба хона омад ва маро наздаш ҷеғ зада гуфт:
-Марҷон, шинос шав, ин зани ман Сабо, тайёр шав, пагоҳ ба деҳа меравем, тӯй мекунем.
Намедонам духтарак бародари ҷиддию сахтгири маро чӣ гуна афсун карда буд, аммо ман аз як нигоҳ фаҳмидам, ки ӯ духтари покиза нест. Дар оилаи мо анъанае ҳаст, ки додар ба рӯи бародар ҳақи каҷ нигаристан надорад, аз ин рӯ, ман низ рахти сафар бастам. Дар роҳи дарози байни Душанбею деҳаи мо «янгаам» бидиррос зада гап мезаду худашро ба Аҳад часпонда, ӯро мебӯсиду қиқир-қиқир механдид, ман ба ҷойи ӯ шарм медоштам.
Ба деҳа шаб расидем, ман Худоро шукр мегуфтам, ки шаб шуду касе меҳмони булаҷаби моро намебинад. Худ ба худ тасаввур мекардам, ки духтарони деҳа мӯйҳои зарду сафеду сиёҳ, куртаи тангу поҷомаи ба пойҳояш часпидаи «янгаам»-ро дида, аз ханда рӯдакан мешаванд. Аҳли хона ба пешвози мо баромаданд, акаам мошинашро ба ғараж монда, ба аҳли хонадони моту маҳбутамон Сабояшро шинос кард. Модарам «сари шармандаме» гӯён, ба хона даромаду падарам “ҳамм…” гуфта, аз қафои ӯ рафт. Янгаҳоям намедонистанд, меҳмон-соҳиби чашмони кабуди бозингарро ба хона дароранд ё аз дар ронанд. Аҳадҷон арӯсашро ба меҳмонхона дароварда, худаш назди падару модарам рафт, мо намедонем дар меҳмонхона се соати дароз онҳо чӣ маслиҳат карданд, аммо ба хулосае омаданд, ки рӯзи дигар тӯйи арӯсии Сабо ва Аҳадҷонро баргузор мекунанд. Тӯй хеле хоксорона буд, Сабо куртаи атласи ба тозагӣ духтаи апаамро ба бар карда, рӯймоли шоли сафед ба сар кашида, каме ба «одам» монанд шуд. Танҳо баъд аз тӯй фаҳмидем, ки янгаи навамон дар хонаи бачаҳо тарбия ёфта, умуман бе касу кӯй будааст. Аҳадҷон ӯро аз кӯча ба мошинаш савор карда, аз як нигоҳ ошиқи зораш мешаваду қарор медиҳад бо вай хонадор шавад…
Давом дорад