Аскаршо дар деҳаи хурдакаки кӯҳистон чашм ба олами ҳастӣ кушода буд, падари муаллимаш, ки яке аз мардони баобрӯи ноҳия ба шумор мерафт, ӯ ва чор додарашро дар рӯҳияи донишомӯзӣ тарбия карда буд.
Ин тарбияи падар беасар намонду писаронаш ба беҳтарин донишгоҳҳои иттиҳоди шуравӣ дохил шуданд. Аскаршо Донишгоҳи технологии шаҳри Харкови Украинаро хатм карда, ба ватан баргашту дар як корхонаи бонуфуз ба ҳайси муҳандис ба кор даромад. Бародарони дигараш, ки табибу агроном ва мутахассиси соҳаи обёрикунонии хоҷагии халқ буданд, ба ноҳияашон баргашта, ҳар кадоме сари кореро гирифтанд. Аскаршо бо дониши хубу кордонияш зина-зина боло мерафту худро батамом ба кор бахшида буд. Ғайр аз кори истеҳсолӣ ин бачаи деҳотӣ боз ба кори илмӣ низ машғул буду синнаш ба бисту ҳашт расида бошад ҳам, фикри барпо намудани оила ба сараш намеомад.
Ӯ дар хобгоҳи корхона зиндагӣ мекард, як рӯз падару модараш ба хабаргирияш омаданду дар ҳуҷраяки танги хобгоҳ байни онҳо гуфтугӯи ошкоро сурат гирифт. Падар андешаманд ба писари чорпаҳлӯи зебояш нигариста гуфт:
-Бачам, додаронат ҳамагӣ хонадор шудаанд, мо туро ба ихтиёри худат гузоштем, пагоҳ-фардо сисола мешавию то ҳол хонадор нашудаӣ. Агар ягон хушдор дошта бошӣ, гӯй мо ба хостгорӣ меравем, айб аст, дар деҳа дар ҳаққат ҳар гуна гап мегӯянд, зани урус дораду боз ким чиҳои дигар, агар зани урус ҳам дошта бошӣ, мо қабулаш мекунем, вале бояд як даҳон ош карда, даҳони мардумро бандем… Аскаршо аз ин суханони падар хандааш омад ва тасаввур кард, мардуми содадил ва хушхаёли деҳаро, ки ӯро аллакай зани урус додаанд ва ба падараш муроҷиат карда гуфт, ки “падарҷон, ман на хушдор дораму на зани урус, чизе фармоед, розиям”. Кампири Холмоҳ ҳаминро интизор будагӣ барин, ба чашмони ҳамсараш нигариста, шодона овоз рӯшан кард:
-Ана дидӣ маълим, бачаи ман ҳеҷ гоҳ аз гапи волидонаш берун намебарояд. Боз сад бор таънаам задӣ, ки бачаат шаҳрӣ шуда, одамгариро фаромӯш кардааст, бачаи ман аз камари туву аз зоти ман бошад, ҳеҷ гоҳ одамгариро фаромӯш нахоҳад кард! Муаллими Анваршо гунаҳкорона сар хам карда, пичиррос зад, “охир мардум ҳар гап мегуфтанд…”
-Кадом мардум? Ҳамун беваи Тоҷӣ? Вай калхурӯс, аввал пеши роҳи духтари манҷалақии худашро гирад, ки шавҳар дораду боз бо мардон дастобадаст аст, кӯри худу бинои дигарон! -Аскарзо гапро дигар тараф бурд, зеро феъли модарашро медонист, кампири Холмоҳ зани дилкушоду порсо бошад ҳам, аз касе ранҷад, хокашро бод мекард. Он шаб модар шодона сурати чанд духтари деҳаро, ки таги чашм карда буд, пеши рӯи писараш гузошт. Аскаршо шӯхӣ кард:
-Оча, шумо кастинг гузарониданиед?
-Ҳуй бача, ман кастин-пастингатро намедонам, ана духтарони хушрӯтарини деҳа, бину хуш кун!- Аз байни ҳашт сурати овардаи модар ба ӯ сурати духтари амаки Расули оҳангар- Нигора маъқул шуд ва ба модар гуфт,- тавба ҳамин Нигора кӯдак буд, ки ман аз деҳа баромадам. Кампири Холмоҳ бо шавқ писарашро ба оғӯш гирифта, аз абрӯвони сиёҳаш бӯсиду шодияшро чунин баён кард:
-Аз байни ҳамаи ҳаминҳо ба худам низ Нигора маъқул буд, ӯ пеши чашми худам калон шудааст, ҳамсоядухтар, боз мӯйҳои дарозу одобу рафтор ва ҳунармандияшро намегӯӣ?! Дар тамоми маъракаҳоямон ба янгаҳоят ёрдам медиҳад, паҷ-панҷааш ҳунар…
-Нағзу очаҷон, боз Нигора нагӯяд, ки писаратон пир шудаасту ӯро намегирам, -бо ханда гуфт Аскаршо.
-Ту чӣ ин қадар механдӣ?- Асабӣ шуд модар, ман медонам, ки Нигора хондан мехост, вале волидонаш нагузоштанд. Ту ӯро пас аз тӯй ба донишгоҳ дохил мекунӣ, баъд ин ки шавҳар аз зан камаш бояд даҳ сол калон бошад, ту аз Нигора понздаҳ солак калонӣ!- Аз ин муқоисаи модар Аскаршо баланд хандид ва боз қаҳри модарро овард…
Аскаршоро он шаб хоб набурд, аслан вай Нина ном духтараки ҳамкурсашро дӯст медошт ва онҳо ба ҳам аҳди муҳаббат баста буданд, вале волидони Нина духтарашонро ба тоҷикбача надоданд. Шояд ишқи Аскаршо ба ин украиндухтар самимӣ буд, ки ӯро фаромӯш карда натавонист ва пас аз ин ба нигоҳи пурҳаваси духтарон бефарқ нигоҳ мекард. ҳоло ҳам танҳо ба хотири волидонаш ба хонадоршавӣ розигӣ дода буд, аслан барояш фарқе надошт, ки зан мегирад ё не? Баъди ду моҳи ин гуфтугӯ тӯйи арӯсии Аскаршо ва Нигораи нозанин баргузор гашт, навхонадорон дар шаҳр низ барои коргарони домод як тӯйи комсомолии хубе баргузор карданд ва тамоми меҳмонон аз дидани ҷамоли арӯси нозанин дар ҳайрат афтиданд. Хусусан кокулони марғуладори заминрӯби арӯс ҳаваси ҳозиринро меовард, баъзеҳо кунҷковона рафта, мӯйҳояшро даст-даст мекарданд, ки боз сунъӣ набошанд?Аскаршо низ аз як нигоҳ ошиқи зори завҷаи ҷавону зебояш гашт, маъмурияти коргоҳ ба навхонадорон калиди хонаи дуҳуҷрагиро тақдим карданд, зеро Аскаршо кайҳо боз дар навбати хона меистод. Домод ба қавлаш вафо карда, арӯси нозанинашро ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил кард. Нигора дар боғчаи назди коргоҳи шавҳараш ба ҳайси мураббия ба кор оғоз кард. Зиндагии ширине доштанд ин ҷуфти зебо, тавлиди пай дар паи ду писараки зебо зиндагии ширини онҳоро ширинтар гардонид. Дар зинаҳои касбӣ низ онҳо бошитоб боло мешуданд, дар як муддати кӯтоҳ Аскаршо ҷонишини сарвари коргоҳ ва Нигора бошад, мудири боғчаи бачагон таъин гардиданд. Пас аз писарҳо духтараки ширини онҳо Сабрин ба дунё омада, дунёи волидонро дигар кард, падару модар ва акаҳо ҳама дар гирди ин луъбатаки бозингар парвона буданд.
Давом дорад.