Бо пешниҳоди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон чанд қарори раисони шаҳру ноҳияҳо дар бораи додани замин бекор шудаанд.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин иттилоъ дода шудааст, ки тайи 9 моҳ нозирони Кумита ва мақомоти он дар маҳал наздики 10,7 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор карда, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида наздики 9,5 ҳазор дастур дода шуда, нисбати зиёда аз 9,2 ҳазор ҳолат парвандаи мамурӣ тартиб ёфтааст.
“Барои додани баҳои ҳуқуқӣ бошад, зиёда аз 700 мавод ба прокуратура қариб 500 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол гардид”, - гуфта шуд дар ҷаласа.
Таъкид гардидаст, ки ба 2 қарори раиси ноҳияи Ёвон ва 2 қарори раиси ноҳияи Панҷ бинобар сабаби ғайриқонунӣ буданашон пешниҳод манзур гардида, қарорҳои ғайриқонунӣ қабулшуда бекор ва ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ гардиданд.
Манбаъ афзуд, ки дар умум давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби нозирони Кумитаи давлатӣ 13 ҳолати қабули қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо ошкор шудаанд.
Гуфта шуд, ки чунин қарорҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Варзоб, Кушониён, Панҷ, Ёвон ва Варзоб вобаста ба замин ошкор шуда, барои бекор намудани онҳо ва ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ намуданашон пешниҳодҳо ирсол гардидаанд.