arzon replenishment
Ҳарорати ҳаво якбора гарм мешавад
539

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба сабаби вуруди мавҷи ҳавои гарму хушк аз минтақаҳои ҷанубу шарқӣ болоравии дамои ҳаво дар назар аст.

Гармии ҳаво дар водиҳои 35+45 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ва навоҳии кӯҳӣ 35+40 дараҷа , дар навоҳии кӯҳии кишвар то ба +36 дараҷа мерасад.

Дар қисматҳои ҷанубу ғарбии кишвар шамол ба шиддати 15-20 метр дар як сония мевазад ва аз 9 то 12 июни соли 2023 дар аксари ноҳияҳои вилояти Хатлон ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ хокбориш дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин рӯзҳои 10-12 июн эҳтимол аст дар водиҳои вилояти Суғд низ хокбориш ба қайд гирифта шавад.

Дар дамои ҳаво Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия додааст, ки аз нурҳои мустақими офтоб дурӣ ҷӯед ва талош кунед ҳамеша дар соя бошед, то имкон доред дар айёми гарми рӯз, аз соати 11 то 16 бе зарурат ба кӯча набароед. Бахусус, тавсия намешавад, ки шумо дар ин соатҳо бо кӯдакон гардиш кунед. Аз корҳои ҷисмонии вазнин низ парҳез кунед.

Инчунин, дар тан либос аз матоъҳои табиӣ дошта бошед, то имкон доред, худро эҳтиёт кунед, дар сар кулоҳи калони соядор, айнакҳои ҳимоя аз нури офтоб ва чатр гиред, бештар об нӯшед, мева истеъмол намоед ва меваҳо дорандагони аслии ҳар гуна витаминҳои ва намакҳои минералӣ мебошанд. Хуб мешавад, ки оби ҷӯшонида ва муносиб ба ҳарорати хона истеъмол кунед ва ё обҳои бегази минералӣ нушед. Бубинед, ки об зиёд сард набошад, зеро ин муҷиби сироят ба бемориҳои гулӯ шуда метавонад ва бар асари он сироятпазирии бадан паст мешавад. Аз нӯшидани обҳои ширин ва газдор, ҳамчунин шароб парҳез намоед.

Ҳамзамон, бачаҳоро дар воситаҳои нақлиёт нигоҳ надоред. Пеш аз он ки ба мошине нишинед, ки дар офтоб истодааст, дару даричаҳои онро аввал боз кунед ва аз рӯи имкон ҳавополои онро фаъол намоед, шахси гармозадаро зуд дар соя хобонед, дар ҷое, ки шамолрас бошад; ӯро маҷбур созед, ки қатра-қатра об нӯшад, баданашро бо матоъи намдор тоза кунед. Баъзан лозим меояд нафаси сунъӣ диҳанд ва ё маҳси дил.

Ҳангоми истироҳат ва оббозӣ хеле бояд эҳтиёт кард, қоидаҳои ҳузур дар махзанҳои об: соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳоро риоя намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД