Sebiston new 2024 october
ҲАРОМХИШТАК (қисмии 3)
2691

Давомаш ...

Фиғони ҷонкоҳи холаи Раъно ва бӯйи бади равғани бадани одамизод дар як дам ба фазо паҳн гашта, ҳаққу ҳамсояҳо ҷониби хонаи Азиз давиданд, вале…

Зан дигар натавонист сӯзишро таҳамул кунад ва ба берун давид.

-О ҳ ҷони ширинаме, сӯхтам, кӯмак кунед!

Оташ, баръакс ҳангоми дар берун шамол расиданаш, дучанд меафзуд. Алангаи оташ коҳи хушкгардидаеро мемонд.

- Мурдам. Вой дод. Ин чӣ кор буд кардам ман, ҳе мардум?

Садои доду войи Раъноро ҳамсоязанаш шунида, давон ба ҳавлии ӯ расид.

Қасос аз шавҳар

Аввалҳо Раъно ба ин кори шавҳараш чандон аҳамият намедоду ба назди маъшуқаҳояш мерафт. Бачаҳояш акнун вайро ошкоро таҳқир карда мегуфтанд, ки мебост зану шавҳар дар сояи фарзандонаш зиндагӣ кунад. Духтаронаш, ки чақону зебои бошарму ҳаё буданд, зуд талабгор ёфтанду дар хонаи бахташон зиндагии оромро ихтиёр намуданд.

Раъно гарчанд бибӣ ҳам гашта бошад, зебогиву латофаташ аз ҷавонияш ҳеҷ фарқ надошт. Рӯяш сафеди беғубор, абрӯву миҷгонҳои ғафси сиёҳаш мероси фарзандон буд. Гесӯвони сиёҳи ба қадаш баробар ӯро зеботар мегардонд.

Шаш фарзанд ва модар себи дукафонро мемонд. Ҳамаашон хушодобу хушахлоқ ба воя расиданд. Писарон дар муҳоҷират буданду духтарон дар зиндагии худ.

Азиз дар се шаб як - ду маротиба ба хона меомад. Расидан замон аз хамир мӯй меҷустагӣ барин, баҳона карда, ғавғо мебардошт.

Ӯ ҳарчанд кушиш мекард хомӯш истад аммо, рашк ботинашро месӯзонд, зеро ҳамдигарро дӯстдошта,хонадор гашта буданд. Ҳарчанд кӯшиш мекард таҳаммул намояд, аммо ҳеҷ наметавонист.

Азизро як зани сабукпой ба дилаш ҷо ёфт. Ӯ мехост зани пинҳониашро ба хонааш биёрад, аммо ба ин гапу кораш дили Раъно тоб оварда наметавонист. Азиз як мошини сабукрави шалақ дошт. Раъноро супориш медод,ки зуд мошинашро шӯяду Азиз ба ишқварзӣ - назди зани шаҳрияш Дилбар равад.

Оқибати сӯхтор

 

Раъно аз сӯзиши сахти ҷону таъсири оташ ба ҳар тараф худро мезад. Ҳамсоязанаш аз кати таги долон курпачаро гирифта, ба бадани Раъно печонд, то оташ хомӯш гардад, аммо ҳеҷ Раънои гулбарин зеборо дида намешуд. Кони сӯзишворӣ баданашро пур аз обила гардонда буд. Мӯйи дарозаш ба тозагӣ нест гашта буд.

Касе Раъноро медид, гиребони тавба тоб медод. Чашмони чун оҳуи рамидаашро гуё ба мавизи сиёҳ иваз кардааст. Тамоми баданаш ба пурагӣ сухта, ғарқи хун буд.

Азиз дар ин вақт аз куҷое пайдо гашт.

- Ҳа чи хел будааст оташзадан?

- Азиз, мемирам. Ту медониву ҳамон зани дигарат. Хоҳиш мекунам,  маро ба беморохона расон.

Азиз ҳамроҳи ҳамсоязанаш Манзурахола Раънои нимҷонро ба бемористон расониданд. Раъно оҳу воҳ мекашид аз сузиши ҷонаш. Биноии чашмони ӯ аз таъсири оташ нест гаштанд. Танҳо аз садо мешинохт наздиконро. Табибон 89 фоиз сухтани бадани Раъноро муаян карданд.

Ҳарсе духтарҳо ба беморхона ба аёдати модари азизашон рафтанд. Вақте модари кабобгаштаашонро диданд, қалбашон реш - реш гашт:

- Очаи гулбарини зебом чӣ шуд, ки ҷабр ба ҷонат кардӣ?

- Духтари азизи ҷонам, Муҳайё! Оташи рашк маро ба ин аҳвол расонид.

- Сузиши дилатон бас набуд, ки боз баданатонро ҳам ба сӯзиш даровардед.

- Оҳ ҷони ширинам, танҳо хоҳиш дорам писаронамро бори дигар руяшонро ламс кунам, нафасашонро дар наздам ҳис кунам. Мемирам Муҳайёҷонам ту духтари калониӣ. Додару хоҳаронатро аввал ба Худо ва баъд ба ту месупорам.

- Очаҷонам, нагӯед ин тавр, - аз гиря худро ором карда наметавонист Муҳайё.

Азиз ба писаронаш занг зад.

- Очаатон бемори вазнин аст дар беморхона. Шуморо мепурсад. Ҳар чӣ қадар зудтар ба хона расед, ки табибон вазъи саломатиашро вазнин арзёбӣ намудааст.

Абдулло ҳарчанд кӯшиш кард, ки бародаронро ҳам бо худ биёрад, маблағ барои дастрасӣ ба чипта наёфт.

Табибон Раъноро рухсати ба хона бурдан доданд, зеро умеди зинда мондани ӯро ҳеҷ надоштанд. Занак бе ист оби чашм мерезонд. Соатҳо ба назараш мисли сол сипарӣ мегашт.

- Оҳ ҷони ширинам, чаро ба ту ҷабр кардам? Шириниатро нав ҳис кардам. Азиз, рӯзат сиёҳ шавад. Аз пушти туву ишқат ба ин дард гирифтор шудам.

Раъноро болои селофан гузошта, болояшро бо докаи ковок, мисли ҷойи хоби кудакон, карданд зеро дар ҳавои гарму вижаси магасҳо ранҷ накашад. Бе ин ҳам дарди худаш кифоя буд.

Аз захмҳояш зардобу хун беист мерехт. Касе ӯро шинохта наметавонист. Ба зӯр даҳонашро меҷунбонд барои рози дилашро гуфтан. Ҳангоми сухан гуфтан захмҳои гирди даҳонаш хуншортар мегаштанд.

Давом дорад ...

Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ шаб соати 21:00 мутолиа кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД