Arzon march 2024
АРОБАКАШӢ АЙБ НЕСТ, ДУЗДИЮ ҒАРӢ АЙБ АСТ!
1526

АРОБАКАШӢ АЙБ НЕСТ, ДУЗДИЮ ҒАРӢ АЙБ АСТ!
Дирӯз ният кардам ба қурутобхонаи "Шому саҳар" меравам. Бо ҳамин мақсад ба роҳ баромада дар кӯча чашмам тасодуфан ба зане афтид, ки аробаро мекашид. Зан миёнасол бошад ҳам, мардонавор аробаи пур аз бақлашкаю партовро мекашид. Ростӣ, ман пештар дар кӯчаву бозорҳои пойтахт бо мардони аробакаши синну солашон гуногун во хӯрда бошам ҳам, бори аввал ароба кашидани занро медидам. Ҳисси кунҷкобиам бо дидани ин манзура боло гирифта, хостам бо ин зани аробакаш аз наздик шинос шуда, аз сарнавишташ огоҳ гардам. Бо ҳамин ният ба самти дигари роҳ, ки зани аробакаш дар ҳамон самт равон буд, гузаштанӣ шудам. Мошинҳои зиёде мисли корвон дар кӯча ҳаракат доштанд ва то ман аз роҳ гузаштам, марди дигаре низ дар паҳлӯи зани аробакаш пайдо шуд. Мард ба назар 50-55 сола менамуд ва ба зани аробакаш ёрӣ доданӣ шуда, дастаи аробаро аз дасташ гирифт, вале аз афташ зан исрор намуд, ки билохира ҳарду якҷоя ба кашидани ароба сар карданд. Ҳайратам дучанд гашт ва “ин мард шавҳараш бошад ё ягон марди роҳгузар ба зани аробакаш ёрӣ доданист” гӯён, аз паси онҳо равон шудам.
Дар хамгашти кӯча аробакашон дам гирифтанӣ шуда, лаҳзаи бозистоданд ва аз фурсат истифода бурда, бо онҳо ҳамсӯҳбат шудам. Маълум шуд, ки мардак ҳам аробакаш будааст, вале зани аробакаш ҳамсараш набуда, танҳо ба қавле “ҳамкор” будаанд. Зан, ки Хосият ном доштааст, сарнавишташро чунин қисса кард:
-Ростӣ, ман шавҳар дорам, вале маоши ночизе, ки падари бачаҳоям мегирад, барои хӯрондану пӯшондани фарзандонам намерасад. Нарху наво дар осмони ҳафтум, зиндагӣ рӯз то рӯз вазнинтар шуда истодааст, фақат ба умед мардак шуда шинӣ, рӯзат сиёҳ мешавад. Аз ҳамин хотир барои каме ҳам бошад, ба падари бачаҳоям ёрӣ расонидан ба кор баромадам, то ки зану шавҳар дукаса арбаи зиндагиамонро пеш барем.
Аробакашӣ хоси мардон аст ва дидани зани аробакаш дар кӯча хоҳ-нохоҳ аҳисси кунҷкобии инсонро бедор мекунад. Магар аз нигоҳҳои маънидоронаи мардум нороҳат намешавед, пурсидам ман. Апаи Хосият даст афшонда гуфт:
-Дар ҳақиқат бо дидани ман аксари одамон ба ҳайрат меоянд, вале аз аробакашиам шарм намедорам. Одам бояд аз дуздию ғоратгарӣ ва бадахлоқию фоҳишагӣ шарм дорад. Аробакашӣ ягон ҷойи айбу шарм надорад. Ман меҳна карда, нони ҳалол мехӯрам, маро бояд шарм дорам?!
Ба савли мо дар мавриди н ки чанд вақт боз ароба мекашад, апаи хосият гуфт:
-Росташро гӯям, пештар дар тарабхона кор мекардам, лекин ба муҳити он ҷо ҳеҷ одат карда натавонистам. Ҳар рӯз дидани дамон сархӯшу пулмаст, ки дунёро об барад ҳам, пинакашон вайрон намешавад, бароям ногувр буд, барои ҳаимн аз баҳри кор дар тарабхона гузашта, аробакаш шудам. Ду сол шуд, ки бо ҳамин кор машғулам.
Магар барои зан ароба кашидан душвор нест, пурсидем аз апаи Хосият. Ин зани аробакаш дар ҷавоб гуфт:
-Дар аввал душвор буд. Пули меёфтаам шиками худамро низ сер карда наметавонистам, аммо сабр крада, рову равиши корро ёд гирифтам. Инак, ду сол мешавад, ки бо ҷамъ кардани баклашкаю зарфҳои пластикӣ ва оҳанпора машғуламу ризқу рӯзии бачаҳоямро аз ҳамин роҳ ёфта истодаам.
Ба гуфти худи апаи Хосият шавҳараш маълумоти олӣ ва касбу ҳанар надошта, мардикорӣ мекардааст. “Бечора мардакам гоҳ кор меёбад, гоҳ намеёбад, барои ҳамин ман ҳам кор мекунам, ки илҷе карда зиндагиро пеш барем. Мардум механданд гуфта дар хона шима, кӯдаконам чӣ мехӯранд?!” –мегӯяд ин зан.
Марде, ки ба апаи Хосият ёрӣ мерасонд, маълумоти касбӣ дшта, замоне дар як корхонаи истеҳсол кор мекардааст, вале баъд бемор шуда, чанд моҳ рӯйи ҷо мехобад. Ба гуфти худаш бо ҳамин сабаб аз ҷойи кораш монда, аробакаш шудааст. Ин мард аз гуфтани номаш худдорӣ намуда, таъкид кард, агар ягон кори муносибтар ёбад, аз баҳри аробакашӣ мегузарад.
Эҳтимл ба назари бисёриҳ арбакашӣ кори пасту сиёҳ намояд, вале ба ҳар ҳол аз гадоӣ карадану дасти тамаъ сӯйи дигарон дароз намудан сад бор беҳтар аст. Тавре ки апаи Хосият гуфт: Арбакашӣ айб нест. Дуздию ғоратгарию фоҳишагӣ айб аст. Аробакаш бошанд ҳам, ин тоифа нони ҳалол мехӯранд.

Азизҷон Субҳонӣ, донишҷӯи курси
якуми Факултети журналистикаи ДМТ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД