Собиқ губернатори иёлоти Калифорнияи Амрико ва ҳунарманди 72-солаи амрикоӣ Арнолд Швартсенеггер дар ояндаи наздик бори нахуст бобо хоҳад шуд. Дар ин бора расонаҳои хориҷӣ хабар медиҳанд.
Духтари калонии ҳунарманд Кэтрин Швартсенеггер ва шавҳараш Крис Прэтт, ки моҳи июни соли гузашта издивоҷ карда буданд, тифли аввалини худро интизоранд. Ин барои Кэтрин нахустин фарзанд ва барои Арнолд нахустин набера, аммо барои Крис дувумин фарзанд хоҳад буд. Крис Прэтт бори аввал соли 2009 бо ҳунарпешаи амрикоӣ Анна Фэрис хонадор шуда, соли 2012 писари онҳо Ҷек таваллуд шуда буд. Моҳи декабри соли 2017 Анна ва Крис хабар доданд, ки аз ҳам ҷудо шудаанд. Ҳамин тавр, Крис ва Кэтрин баъди як соли шиносоӣ ва муносибатҳои ошиқона, 8-уми июни соли 2019 хонадор шуданд ва 26-уми апрели соли ҷорӣ ташхис нишон дод, ки нахли умри эшон бор овардааст. Имрӯз тамоми ҷаҳон бар зидди пандемияи «коронавирус» мубориза мебарад, вале Крис ва Кэтрин новобаста аз вазъи ноороми ҷаҳон баъд аз шунидани ҷавоби ташхис шаҳри Брентвуди Англияро, ки он ҷо зиндагӣ доранд, сайр карданд ва ин хушхабарро таҷлил карданд. Кэтрин 30 сол дорад ва нависанда аст. Шавҳараш Крис бошад, 40-сола ва ҳунарманди синамо мебошад.