Дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки зане бо нашри акси 2 нафар писарбачаи ноболиғ дар саҳифаи шахсии инстаграмаш онҳо, падару модар ва пайвандонашонро мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор медиҳад.
- Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи вилояти Хатлон як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, зани дар навор инъикосёфта муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд. Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Раҳмонова Сарвиноз Маҳмадсалимовна, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Бохтар мебошад. Номбурда дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» саҳифаи шахсии худро таъсис дода, наворҳои дорои алфози қабеҳро нашр кардааст, ки ин амали ӯ боиси эрод ва вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардид. Аз ҷумла бо сабаби он, ки 2 нафар ноболиғон фарзанди ӯро мавриди дашном қарор додаанд, акси онҳоро нашр намуда, дар баробари таҳқири онҳо берун аз одоби инсонӣ дигар шарҳнависони саҳифаи худро бо суханҳои ғайриахлоқӣ мавриди дашному ҳақорат қарор додааст,- хабар медиҳад Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Раҳмонова С. М. бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, дар асоси қарори Суди шаҳри Бохтар бинобар дар тарбияаш вуҷуд доштани фарзанди ноболиғ ба маблағи 525 сомонӣ ҷарима таъин ва ситонида шудааст. Ҳамчунин бо 2 нафар ноболиғон низ суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шудааст.