goodwell
Қариб 10 ҳазор сомонӣ ҷарима барои домодталбон ва арӯсбинон
111

Дар Исфара барои баргузор намудани маросимҳои домодталбон ва арӯсбинон шахсеро ба маблағи 9 ҳазору 360 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Дар қарори додгоҳ омадааст, ки маҳкумшуда Д. Б. дар манзили зисташ маросими домодталбон ва арӯсбинонро берун аз доираи оила бо иштироки 22 меҳмон баргузор намудааст.

Дар пайи ин амал нисбати Д. Б. барои риоя накардан ба талаботи қонуни танзими ҷашну маросим бо қисми 2-и моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ боз шуда, номбурда ба маблағи 9 ҳазору 360 сомонӣ ҷарима баста шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД