Махфират ном духтарро вохӯрдам ва чӣ гуна ба домаш афтиданамро худам нафаҳмида мондам. Бо чашмони бозингараш вай маро чунон афсун кард, ки ақлу ҳушамро дар як дам аз даст додам.
Ёд дорам, рӯзе себеро ба дастам дода, хоҳиш намуд, ки бихӯрам. Намедонам он себ чи бало дошт, ки баъди хӯрданаш якбора девона шуда, ду поямро ба як мӯза андохта аз модарам талаб кардам, ки ба хонаашон хостгорӣ раванд. Модарам розӣ набошанд ҳам, хотири зориҳои ман қадам ба даргоҳи волидони Махфират гузоштанд ва розигии онҳоро гирифта дар байни бист рӯз тӯямонро гузаронданд. Ҷӯраҳоям аз рӯзи аввали оиладоршавиам «заншинос набудаӣ» гуфта танбеҳам медоданд, вале ман ба Махфират бовар доштам ва «арӯси ман бо касе намегашт, беҳуда тӯҳмат накунед» гӯён ба даҳонашон мезадам.
Ба ҳамсарам бештар аз худам боварӣ доштам, то ҳамон рӯзе, ки дар хонаамон бо ҷавони дигар нишаста сӯҳбат намуданашро бо чашми худам дидам. Махфират он ҷавонро ҳамчун хешаш муаррифӣ намуд, вале ҳамсояи девордармиёнамон «ту чи хел мард, ки ҳар рӯз дар набуданат ба хонаат мардҳои бегона меоянд? Занат ҳамаашонро хешу таборам мегӯяд. Ягон маротиба надидаам, ки ягон зани хешаш аз даратон даромада бошад. Наход хешу табори занат фақат мардҳо бошанд?» гуфта ба дилам оташ рехт. Бо маслиҳати ҳамсоязан модарамро ба хона овардам, то рафтори келинашро назорат кунад, вале кампир чанд рӯз истоду зиқ шудам гуфта рафт. Шабҳо хобам намебарад, гапҳои ҳамсоя мудом дар майнаам чарх зада, сарамро гиҷ мекунанд.
Махфират бо рафтору кирдораш рӯз то рӯз шубҳаамро бештар карда истодааст, саҳар аз хоб мехезаду ду соат пеши оина мешинад ва лабу рӯяшро бо ҳавас рангубор карда, ҳар дам «зебо шудам ё не» гӯён ба оташи ғазабам равған мерезад. Шабкорам ва вақти аз пушти Махфират поида гаштан надорам. Дилам чунон аз ҳамсарам сард шудааст, ки худам медонаму Худо. Хонандагони азиз, маслиҳатам диҳед!
Ғаффур, қаровули мактаб