Қаҳрамонмодар
74

Мирҳакимова Саломат соҳиби 11 фарзанд, 33 набера, 50 абера ва 1 чабера буда, соли 1978 соҳиби унвони Қаҳрамонмодар шудааст. Мо аз модари азиз Саломат Мирҳакимова пурсидем, ки аз уҳдаи тарбияи фарзандон чӣ тавр мебаромаданд?

- Ман ба ҳамаи фарзандонам бо як чашм, бо меҳри беандоза нигоҳ мекунам. Ҳар яки онҳо фикру андешаи гуногун доштанд ва кӯшиш мекардам, ки дастгири корашон бошаму хуб тарбия диҳам. Ҳар рӯз аз Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутии пойтахтамон китоб меовардему маҳфили китобхонӣ ташкил мекардем.

- Дар бораи рӯзе, ки ба шумо унвони Қаҳрамонмодарро супориданд, нақл мекардед.

- Он рӯз ду ид буд - рӯзи таваллуди фарзанд ва рӯзи гирифтани унвони Қаҳрамонмодар. Моҳи декабри соли 1978 буд, барф меборид. Ман дар беморхона будам, фарзанди 11-умам ба дунё омада буд. Дар ҳамонҷо ба ман унвони Қаҳрамонмодарро супориданд. Медали тиллоиро гирифта, дар пеши сина овехтам. Дар як дам палата пур аз одам шуд. Ҳама бо ҳавас ба ман нигоҳ мекарданд. Пас аз гирифтани унвон ман ба худ масъулияти баланд ҳис кардам.

Фарзандонам яке роҳи дӯзандагӣ, дигарӣ ҳуқуқшиносӣ, дигаре роҳи омӯзгориро пеш гирифтанд. Хуллас, ҳамаашон оиладор, соҳиби фарзанду набераанд. Фарзанди калониам соли гузашта соҳиби абера шуд.

Шукронаи давлати тинҷ, шукронаи хандаҳову хушбахтии фарзандон, шукронаи ҳамаи неъматҳо, ман хушбахтам!

Умар МИРСАЛИМОВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД