Formula novemver 2024
Қаҳрамонии бачаҳои ваҳдатӣ мардуми русро қоил кард
979


Мардуми рус муҳоҷирони меҳнатӣ, махсусан тоҷиконро чандон хуш надоранд, вале чанд вақт боз дар шабакаҳои иҷтимоии Русия мудом сухан дар боби қаҳрамонии ду тоҷикбачаи далеру шуҷоъ меравад, ки як кампиру як мӯйсафеди русро аз марг наҷот додаанд.

Ин муҳоҷирони қаҳрамон Қурбон ва Орзубек Назаровҳо буда, зимни як сӯхтор дар гузаргоҳи 4-уми кӯчаи “Шелехово” худро ба бинои сӯхта истода зада, аз даруни алангаи оташ ду шаҳрванди Русияро ба берун бароварда, аз марг начот доданд. Мардуми рус аз шуҷоат ва далерии ин ду ҷавони тоҷик ба ваҷд омада, дар расонаҳои маҳаллӣ ва сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро каҳрамонони рӯз меноманд ва ба Қурбону Орзубек садҳо офарин мехонанд.

Қурбон ва Орзубек Назировҳо амакбача буда, аз деҳаи тиллои сафеди ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат мебошанд. Қурбон 32- сол дошта, дар миёни 3 духтар ягона писари хонадон мебошад, вале ҳанӯз аз 17-солагӣ бори рӯзгор бар дӯшаш бор шуда, мисли ҳазорон-ҳазор муҳоҷирони тоҷик роҳи Русияро пеш гирифтааст. Ӯ мегӯяд, чанд моҳ пеш апаи беморашро аз даст дода буд ва оҳу фиғоне, ки аз сӯзиши дард мекашид, ҳанӯз ҳам аз гӯшаш нарафтааст. Айнан ҳамин садоро вакти имдоду ёрӣ хостани марди рус, ки дар миёни алангаи оташ монда буду касе аз ҳамсоягону ҳаммаҳалаҳояш ба ёрӣ нашитофт, шунид ва ҳамин фиғони ҷонкоҳ ӯро такон дода, аз бародарзодааш Орзубек хоҳиш кард, ки ба ин зану марди калонсол ёрӣ расонанд.

photo_2022-06-08_14-13-11

Қурбон ягона ноновари хонадон буда, тамоми оила чашм ба роҳи ӯ доранд, вале ба ин нигоҳ накарда, ин ҷаавони раҳмгин ба хотири наҷот додани пиру кампири рус ҷони худро дар хатар гузошта бо азобҳои алим вориди бинои сӯхтаистда гашта, зану шавҳари калонсолро аз дохили алангаи оташу дӯди ғализ берун овардааст.

Майдагул Мусулмонова, модари Қурбон , ба расонаҳо гуфтааст:
“Вақте ин ҳодисаро фаҳмидам, хеле сахт тарсидам. Фикр кардам, ки ҳодисае ба сари фарзандам омадаасту аз ман пинҳон мекунунд, вале баъди фаҳмидани он ки писарам сиҳату саломат асту як пиру кампирро аз марг наҷот додааст, бисёр хурсанд шудам. Фарх мекунам, ки чунин фарзанд дорам, зеро бо ёрии писари ман ду инсн аз марг наҷот ёфтанд.

Ҳамасола ҳазорон нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба хотири дарёфти қути лоямуд роҳи Русияро пеш мегиранд. Бошад, ки қаҳрамонии чунин тоҷикбачаҳои шуҷоъ назари мардуми русро нисбат ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дигаргун созад.

Азиз Субҳонӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД