Ҳаракати нақлиёт дар роҳи кӯчаи Айнӣ бо сабаби таъмир маҳдуд шуд
26.08.2025
Oila.tj
161

Дар як қисмати кӯчаи Айнии пойтахт аз шаби 25-уми август корҳои таъмирӣ оғоз шуда, роҳи мазкур аз мағозаи "Олами китоб" то назди беморхонаи "Ёрии таъҷилӣ" баста аст.

Дар ин роҳ корҳои қубурхобонӣ ҷараён дошта, кай ба анҷом расидани кори таъмир алҳол маълум нест.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо пахши эълоне аз ронандагон дархост кард, ки бо риояи талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузошташуда, аз роҳҳои ҳамшафат истифода намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД