goodwell
Ҳаракати нақлиёт дар чанд кӯчаи Душанбе муваққатан маҳдуд мешавад
27.08.2026
Oila.tj
58

Хадамоти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки имрӯз, 27-уми август аз соати 16:00 то 19:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути хиёбонҳои Ҳ. Шерозӣ, И. Сомонӣ ва кӯчаи С. Носир муваққатан маҳдуд карда мешавад.

Масъулин аз ронандагон хоҳиш доранд, ки дар ин муддат аз роҳҳои нақлиётгарди кӯчаҳои ҳамшафат истифода намуда, ба маҳдудияти муваққатии ҳаракат таваҷҷуҳ намоянд.

Аз шаҳрвандон ва ронандагон барои ҳамкорӣ ва риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ изҳори сипос карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД