Рӯзи 9-уми сентябр аз соати 00:00 то 11:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе қитъаҳои роҳҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Тибқи иттилоъ, маҳдудият дар хиёбони Ҳ. Шерозӣ - аз гардиши «Товус» то «Наврӯзгоҳ» ва хиёбони И. Сомонӣ - то гардиши хиёбони Сино ҷорӣ хоҳад шуд.
Аз ронандагон хоҳиш шудааст, ки дар ин муддат аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода бурда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд.