Ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиёт аз 2 то 6-уми июли соли равон дар чанд кӯчаву хиёбони пойтахт муваққатан маҳдуд карда мешавад. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Бо сабаби ташриф овардани меҳмонони олиқадр ба шаҳри Душанбе аз 2 то 6-июли соли равон дар чанд кӯчаву хиёбони пойтахт ҳаракати тамоми намудҳои воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Тавре ин ниҳод иттилоъ додааст, ҳаракати нақлиёт муддати 4 рӯз дар кӯчаҳои Мастонгулов (фурудгоҳ), А. Дониш, С. Айнӣ (Садбарг), хиёбони А. Рӯдакӣ то кӯчаи Карамов, хиёбони Сомонӣ то назди беморхонаи «Шифобахш», кӯчаҳои Ш. Шоҳтемур ва Шероз маҳдуд карда мешавад.
Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода баранд. Аз сокинони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ хоҳиш карда шудааст, ки безарурат бо воситаҳои нақлиёт ба шаҳри Душанбе ворид нашаванд.