Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки маҳдудиятҳои қаблан дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ барои ҳаракати автомобилҳои боркаши ядакдор ва фураҳо ҷоригардида пурра аз байн бардошта шудаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, айни замон роҳи мазкур комилан кушода буда, ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт бе маҳдудият таъмин мебошад. Маҳдудиятҳо қаблан бо мақсади пешгирӣ аз эҷоди монеа ба ҳаракати дигар нақлиёт ва таъмини амнияти роҳ ҷорӣ шуда буданд.
- Шоми 22-юми декабр дар километри 69-уми роҳи Душанбе-Чаноқ, дар наздикии нақби «Истиқлол» тарма фаромад. Техникаҳои ширкати IRS тармаро сари вақт бартараф намуда, ҳаракати нақлиётро бетаъхир барқарор карданд,- меафзояд манбаъ.
Ҳамзамон, роҳбарияти ширкат ба диққати ронандагон расонидаанд, ки бо дарназардошти мавсими зимистон ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт бояд ҳамеша зери назорат бошад. Риояи қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла муҷаҳҳаз будан бо лавозимоти зарурии ҳимоявӣ - симтобаи кашолакунӣ, занҷир, болиштаки зиддиғелиш ва дигар таҷҳизот барои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода ҳатмӣ дониста мешаванд.